Al-monitor: Эрон метавонад узви дар Созмони Ҳамкории Шанхай шавад

© Фото : Сайт председательства РФ в ШОСЭмблема ШОС, Астана
Эмблема ШОС, Астана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Дар сурати, ки Эрон узви комили Созмони Ҳамкории Шанхай шавад, ҳамкориҳои стратегии Эрону Чин вусъат хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир умедҳои тозае барои узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай вуҷуд дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи Al-monitor.
Эрон аз соли 2005 нозири ин созмон буда ва дар солҳои 2008 ва 2009 барои узвияти комил дархост дода, аммо ба хотири таҳримҳои Созмони Милал, ки дар он замон алайҳи ин ҷумҳурӣ эълон шуда буд, ин талошҳо ба анҷом нарасиданд.
Дар сурате, ки Эрон битавонад ба узвияти комили Созмони Ҳамкории Шанхай бирасад, ҳамкориҳои стратегӣ байни Эрон ва Чини шоҳиди тағйири бузурге хоҳад буд.
Пресс-конференция посла Таджикистана Низомиддина Зохиди в посольстве Республики Таджикистан в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Зоҳидӣ дар Теҳрон гуфт, Тоҷикистон дар СҲШ барои ҳалли кадом масоил талош хоҳад кард
Чанд рӯз пеш ҳам Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон изҳор дошт, ки қарор аст дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай тайи соли ҷорӣ мавзӯи узвияти комилу доими Эрон дар ин созмон дар дастури кор қарор гирад.
Ба гуфтаи вай, узвияти Эрон дар ин созмон яке аз аслитарин барномаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай аст ва дар сурате, ки дигар кишварҳо ҳам омодаи пазириши Эрон бошанд, Тоҷикистон ҳам бо он мувофиқат хоҳад кард.
Аз ин ҷиҳат, мувофиқати тоҷикҳо муҳим аст, ки дар соли 2017 ҳамин тоҷикҳо бо узвияти Эрон мухолифат карда буданд. Интизор меравад дар моҳи сентябр раиси ҷумҳурии ояндаи Эрон барои ширкат дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе даъват шавад.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Президенти нави Эрон ба Душанбе даъват мешавад: Зоҳидӣ аз узвияти Теҳрон дар СҲШ гуфт
Аз замони ниҳоӣ шудани тавофуқи 25 - солаи Эрону Чин, раванди ҳамкориҳо байни ду кишвар кунд шуда ва мумкин аст бахше аз он марбут ба сояи музокироти эҳёи БарҶом дар равобити ду кишвар бошад ва авлавияти Чин рафъи таҳримҳои Эрон аст.
Лентаи хабарҳо
0