"Хиёнат ба ватан": Елсинро пас аз пошхӯрии СССР хостанд ҳабс кунанд

© Sputnik / Юрий Кавер / Гузариш ба медиабонкПервый президент России Борис Ельцин, архивное фото
Первый президент России Борис Ельцин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Пас аз тасвиби созишномаи Беловежский, роҳбари ИҶШС, Михаил Горбачевро ба зарурати ҳабси Борис Елтсин бовар кунониданд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯровӣ пешниҳод гардид, ки Борис Елтсин барои хиёнат ба ватан ҳасб карда шавад, гуфт собиқ ноиби президенти Русияи Шӯравӣ Александр Рутской дар мусоҳиба бо "Лента.ру".
Рутской гуфт, шахсан худ аз Михаил Горбачев дархост кард, ки Елтсин ва ҳамаи иштирокчиёни тасвиби созишномаи Беловежский ба ҳабс гирифта шаванд.

"Ман ба ӯ гуфтам: "Ин хиёнат аст. Ба ман як ҳавопаймо ва нерӯҳои махсуси Сарраёсати иктишофӣ диҳед ва ин се хоинро ба шумо дастрас мекунам. Дар "Матросская Тишина" мефаҳмем, ки ба онҳо ин ваколатро кӣ доду чаро Елтсин фавран ба Буш дар бораи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ хабар дод", - ба ёд овардааст Рутский.

Аммо, Горбачёв он замон барои эътибор пайдо накардани созишномаи Беловежский кореро накард.
Председатель ЦК КПРФ Геннадий Зюганов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Зюганов гунаҳкори асосӣ дар пош хӯрдани СССР - ро ном бурд ва ба Путин маслиҳат дод
"Агар он замон Горбачевро шумо медидед. Ӯ қариб беҳуш мешуд, утоқи корияшро давр мезаду бо ангушт ба шифт нишон дода чунин мегуфт: "Шумо чӣ мегӯед, ҳама дар ин ҷо гӯш доранд", - афзуд ноиби президенти Русияи Шӯравӣ.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 1991 роҳбарони Русияи Шӯравӣ, Украина ва Беларуссияи Шӯравӣ созишномаи Беловежскро бастанд, ки пас аз тасвиби он СССР қатъ гардид ва Горбачёв бо хоҳиши худ истеъфо дод.
Лентаи хабарҳо
0