Шикасти панҷ паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Обуна шудан
Аз шаш паҳлавони Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон иштирок доранд то кунун панҷ нафари онҳо шикаст хӯрданд. Чаҳор нафар дар давраҳои муқаддамотӣ ва як нафар дар даври сеюм
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон имсол аз 6-ум то 13-уми июн дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт ҷараён доранд ва имрӯз рӯзи панҷуми он ҷамъбаст мешавад.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) намояндагӣ карданд.
Ҳоло танҳо Темур Раҳимов боқӣ мондааст, ки рӯзи 12-уми июн дар вазни +100 кг вориди рақобат хоҳад шуд.
Дар сабқати занон варзишгари тоҷик Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило рақобат кард, ки аз намояндаи Ҷопон Вакана Кога дар даври аввал шикаст хӯрд.
Комроншох Устопирён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Аз Сомон то Комроншоҳ: ширкати паҳлавонони тоҷик дар “Kazan Grand Slam 2021”
Шаҳбоз Саидаброров намояндаи дигари Тоҷикистон дар вазни -66 низ дар рақобати аввалин аз Мурод Чопанови намояндаи Русия шикаст хӯрд. Акмал Муродов ҳам дар вазни -81, дар даври муқаддамотӣ озод буд, дар даври ду ба нокмоӣ дучор шуд. Ҳарифи ӯ намоняндаи Юнон Алексиос Нтанатсидис буд.
Дар рӯзи панҷуми рақобат, 10-уми июн ду паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг вориди рақобат шуданд. Мутаасифона Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён ҷудокори хушноми тоҷик пирӯз нашуданд.
Дар даври сеюм Комроншоҳ аз дорандаи чор нишони тиллои Grand Slam, ҷудокори кишвари шветсия - Маркус Ниман шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои вебсайти Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ 706 варзишгар (415 мард ва 291 зан) аз 132 кишвари дунё ширкат мекугнанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Боқиев, Шайхов, Қувватов... ҷоизадорони сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо муайян шуданд
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.
Тоҷикистон аз сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то кунун як медали биринҷӣ дорад, ки Расул Боқиев дар 2007 дар Рио-де-Жанейрои Брозил дар вазни то 73 килограмм ба даст оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0