https://sputnik.tj/20210201/Boiev-Shaykhov-joizadoroni-sabqat-judo-tajikistan-1032735993.html
Боқиев, Шайхов, Қувватов... ҷоизадорони сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо муайян шуданд
Боқиев, Шайхов, Қувватов... ҷоизадорони сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо муайян шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ғолибону ҷоизадорони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни калонсолонро муайян карданд 01.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-01T13:15+0500
2021-02-01T13:15+0500
2021-08-10T15:47+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
сабқат
сабқати ҷумҳуриявӣ
ғолибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102738/48/1027384882_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_bf73c76b9173b2e0aae5d2d3e5d96f14.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб" мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни калонсолон баргузор шуд.Ин сабқат рӯзҳои 30 ва 31 январ баргузор шудааст, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқа 273 варзишгар аз минтақаҳои кишвар ширкат карданд.Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузор кардани мусобиқа дар аввали сол муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар радабандии ягонаи ҷумҳуриявӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтаринҳо бе мушкилӣ интихоб шаванд.Рӯзи якум қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг ва -73кг, рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва дар ду вазн миёни бонувон сурат гирифт.Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни калонсолон дар вазни -60 кило инҳоянд. Мақоми аввал аз Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҷойи дуввум аз Фирӯз Мелибойзода, мақоми сеюмро Сарвар Абдушукуров ва Аминҷон Холов аз худ карданд.Дар вазни -66 кило ҷойи аввал насиби Ёқубҷон Боқиев, мақоми дуввум аз Баҳром Суфиев ва ҷойи саввум аз они Алиҷон Сафаралиев ва Шаҳбоз Саидаброров шуд.Ҳамин тавр дар вазни -73 кило ғолиби мутлақ Разиаллоҳ Лоиқов гардида мақоми аввалро аз худ кард. Ҷойи дуввум насиби Иброҳим Саибакбаров гардиду мақоми саввумро Муҳаммадиқбол Тошев ва Алӣ Боқиев аз худ карданд.Дар вазни -81 кило баранда Саидмухтор Расулов гардид. мақоми дуввум насиби Ҳамроз Раҷабов ва ҷойи сеюм насиби Муҳаммадҷон Абдуҷалолзода ва Хусрав Аламов гардид.Дар вазни -90 кило ҷойи аввалро Сабрулло Ҳикматуллоев аз худ карду, Комрон Карликов соҳиби ҷойи дуюм гардид. Мақоми сеюмро Беҳрӯз Гулмаҳмадзода ва Исроил Раҳимов аз худ карданд.Дар вазни -100 кило мақоми аввалро Мансур Раҳмон аз худ карду, ҷойи дуввум насиби Абубакри Акобир гардид. Ҷойи сеюмро Эмомризо Анварзода ва Саидиброз Икромов гирифт.Дар вазни +100 кило мақоми аввал насиби Фарёд Шайхов, ҷойи дуввум насиби Некрӯз Некбахтзода ва ҷойи сеюм аз они Иброҳим Элмуродов ва Умед Камолов гардид.Миёни бонувон дар вазни -63 кило мақоми аввалро Аҳлия Муъминова ва ҷойи дуюмро Мавлуда Одинаева аз худ карданд.Дар вазни -70 кило бошад, барандаи сабқат Шоҳида Қаландарова шуду, Фирӯза Раҳимова мақоми дуввумро гирифт.
https://sputnik.tj/20191018/Palavon-Somon-Mahmadbekov-qahramon-judo-jahon-shud-1030062731.html
https://sputnik.tj/20190412/Darguzasht-qahramon-dukarata-qazoqiston-oid-ba-judo-dar-24-sol-1028654570.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102738/48/1027384882_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_eeab22c54872ebda5f3e6b7197e99801.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, сабқат, сабқати ҷумҳуриявӣ, ғолибон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, сабқат, сабқати ҷумҳуриявӣ, ғолибон
Боқиев, Шайхов, Қувватов... ҷоизадорони сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо муайян шуданд
13:15 01.02.2021 (Навсозишуда: 15:47 10.08.2021) Дар Тоҷикистон ғолибону ҷоизадорони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни калонсолонро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар толори Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб" мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни калонсолон баргузор шуд.
Ин сабқат рӯзҳои 30 ва 31 январ баргузор шудааст, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқа 273 варзишгар аз минтақаҳои кишвар ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузор кардани мусобиқа дар аввали сол муайян кардани мавқеи паҳлавонон дар радабандии ягонаи ҷумҳуриявӣ мебошад, ки имкон медиҳад ҳангоми сафарбарии онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беҳтаринҳо бе мушкилӣ интихоб шаванд.
Рӯзи якум қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг ва -73кг, рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -81кг, -90кг, -100кг, +100кг ва дар ду вазн миёни бонувон сурат гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни калонсолон дар вазни -60 кило инҳоянд. Мақоми аввал аз Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҷойи дуввум аз Фирӯз Мелибойзода, мақоми сеюмро Сарвар Абдушукуров ва Аминҷон Холов аз худ карданд.
Дар вазни -66 кило ҷойи аввал насиби Ёқубҷон Боқиев, мақоми дуввум аз Баҳром Суфиев ва ҷойи саввум аз они Алиҷон Сафаралиев ва Шаҳбоз Саидаброров шуд.
Ҳамин тавр дар вазни -73 кило ғолиби мутлақ Разиаллоҳ Лоиқов гардида мақоми аввалро аз худ кард. Ҷойи дуввум насиби Иброҳим Саибакбаров гардиду мақоми саввумро Муҳаммадиқбол Тошев ва Алӣ Боқиев аз худ карданд.
Дар вазни -81 кило баранда Саидмухтор Расулов гардид. мақоми дуввум насиби Ҳамроз Раҷабов ва ҷойи сеюм насиби Муҳаммадҷон Абдуҷалолзода ва Хусрав Аламов гардид.
Дар вазни -90 кило ҷойи аввалро Сабрулло Ҳикматуллоев аз худ карду, Комрон Карликов соҳиби ҷойи дуюм гардид. Мақоми сеюмро Беҳрӯз Гулмаҳмадзода ва Исроил Раҳимов аз худ карданд.
Дар вазни -100 кило мақоми аввалро Мансур Раҳмон аз худ карду, ҷойи дуввум насиби Абубакри Акобир гардид. Ҷойи сеюмро Эмомризо Анварзода ва Саидиброз Икромов гирифт.
Дар вазни +100 кило мақоми аввал насиби Фарёд Шайхов, ҷойи дуввум насиби Некрӯз Некбахтзода ва ҷойи сеюм аз они Иброҳим Элмуродов ва Умед Камолов гардид.
Миёни бонувон дар вазни -63 кило мақоми аввалро Аҳлия Муъминова ва ҷойи дуюмро Мавлуда Одинаева аз худ карданд.
Дар вазни -70 кило бошад, барандаи сабқат Шоҳида Қаландарова шуду, Фирӯза Раҳимова мақоми дуввумро гирифт.