https://sputnik.tj/20210610/qurb-rubl-asor-tojikison-dollar-somoni-1040117575.html
Ҷаҳиши қурби рубл: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикисон
Ҷаҳиши қурби рубл: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикисон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ ва русӣ боз каме боло рафтааст
2021-06-10T09:00+0500
2021-06-10T09:00+0500
2021-06-10T12:37+0500
бонки миллӣ
рубл
сомонӣ
доллар
евро
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101406/14/1014061411_0:114:2733:1651_1920x0_80_0_0_37555b870a63c2e17edb08225a6bcc0d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1565 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ 0.1559 муқаррар шуда буд.Рубли руси, аз аввали соли ҷорӣ, ки дар ҳудуди 150 қарор дошт, моҳи апрел якбора аз он нишондиҳанда поин омад, аммо сар аз моҳи май устувор гашта, имрӯз ба баландтарин нишондиҳандаҳояш мерасад.Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,3200 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.8047 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,7855 сомонӣ муқаррар шуда буд.Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.8047 то 14.0300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1565 то 0.1595 сомонӣ муқаррар шудааст.Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20210531/bonki-jahoni-islohot-nizomi-andozbandi-tojikiston-1039853590.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101406/14/1014061411_191:0:2542:1763_1920x0_80_0_0_bf60a289fb43de8188f24237952aca77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл асъор тоҷикисон бонки миллӣ доллар сомонӣ
қурб рубл асъор тоҷикисон бонки миллӣ доллар сомонӣ
Ҷаҳиши қурби рубл: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикисон
09:00 10.06.2021 (Навсозишуда: 12:37 10.06.2021) Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он пули аврупоӣ ва русӣ боз каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1565 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ 0.1559 муқаррар шуда буд.
Рубли руси, аз аввали соли ҷорӣ, ки дар ҳудуди 150 қарор дошт, моҳи апрел якбора аз он нишондиҳанда поин омад, аммо сар аз моҳи май устувор гашта, имрӯз ба баландтарин нишондиҳандаҳояш мерасад.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,3200 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.8047 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13,7855 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.8047 то 14.0300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1565 то 0.1595 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.