https://sputnik.tj/20210609/qassos-sag-kushtan-hamrohonash-hujand-tiflon-zahmi-kardast-1040115995.html
Қассоси саге, ки ҳамроҳонашро куштанд? шарҳи табибон дар бораи сокинони захмишудаи Хуҷанд
Қассоси саге, ки ҳамроҳонашро куштанд? шарҳи табибон дар бораи сокинони захмишудаи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Саги дайдуе дар маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд баъди паррондани ҳамроҳонаш ба одамон ҳамла карда, ҳудуди 12 нафар аз ҷумла 4 кӯдакро сахт маҷруҳ кардааст, мегӯянд... 09.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-09T21:37+0500
2021-06-09T21:37+0500
2021-06-10T11:51+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хуҷанд
маҷруҳ
саг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103052/00/1030520063_0:229:3000:1917_1920x0_80_0_0_6fa3367da38e556d6900f81f6c08b872.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Мухтор Деҳқонов, мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдакон дар Бемористони клиникии № 1-и Хуҷанд, вазъи саломатии чаҳор кӯдакро, ки 5 июн ҳадафи ҳамлаи саги дайду қарор гирифтаанд, қаноатбахш арзёбӣ кард.Деҳқонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, нишонаҳои бемории ҳорӣ дар кӯдакони ҷабрдида муайян нашудааст. Дар фаҳрасти кӯдакони ҷабрдида хоҳарон Мадина ва Меҳронаи 3 ва 8-сола ва ду кӯдаки сесола зикр шуданд, ки аз дасту пой, китф ва сару рӯй захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд, он саги дайду рӯзи шанбе аз саҳар то нимарӯзӣ ба сокинони зиёд ҳамла кардааст, ки теъдоди умумии ҷабрдидагон ҳудуди 12 нафар арзёбӣ мешавад. Аммо Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии №1 - и Хуҷанд, изҳор дошт, ки ба шуъбаи онҳо якбора 8 сокини маҷруҳшуда аз ҳамлаи саг ворид гардиданд, ки се нафарро ба далели нисбатан вазнин будани ҳолашон ба Беморхонаи клиникии рақами як интиқол доданд. Бино ба гуфтаи ӯ, аксари муроҷиаткунандаҳо сокинони маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд будаанд. Баъзе аз сокинон иброз доштанд, ки хашму ҳамлаи саг баъди он сурат гирифт, ки дар ин маҳалла чанде аз сагони дайду қир карда шуданд. Иқбол Султонов, мудири “Нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” тасдиқ намуд, ки се рӯз пеш аз ҳамлаи саг ба сокинон, дар ин маҳалла 5 саги дайду маҳв карда шуданд. Султонов афзуд, ки баъд аз ҳамла, амалиёт барои пайдо ва боздошт кардани саги ҳамлагар идома дорад. Ӯ гуфт, баъзе сокинони ҷабрдида иброз доштанд, саги ҳамлагар зард ва тарафи сараш сафед будааст. “Рӯзи шанбе дуто ва саҳарии якшанбе дар маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд 27 саг қир карда шуд. Баъзе сокинон гуфтанд, саге, ки онҳоро газид дар миёни 27 саги қиршуда ҳаст, вале баъзеи дигар рад карданд. Ҳоло аз ҷониби шикорчиён дастгир намудани он саг идома дорад”, - таъкид намуд Султонов.Афзоиши шумори сагҳои дайду дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд як мавзӯъест, ки дар ин охирҳо зиёд дар расонаҳо бозтоб меёбад. Ин мавзуъест, ки дар ду соли охир зимни нишасти матбуотӣ аз сӯи рӯзноманигорон ба шаҳрдорони Хуҷанд дар миён гузошта мешавад, аммо амалан барои бартараф намудани ин мушкил кори назаррасе сурат намегирад. Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори собиқи Хуҷанд барои рафъи ин мушкил ва тоза нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр, сохтмони як паногоҳ барои сагҳои дайдуро ваъда дода буд. Аммо онро сохта натавонист ва соли гузашта аз мақом барканор шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини Хуҷанд ҳам зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки барои пок нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сагҳои дайду сохтмони паноҳгоҳ дар назар аст. Бо гузашти қариб ним сол аз нишасти матбуотии шаҳрдори нави Хуҷанд масъалаи сагҳои дайду дар маркази Суғд дубора доғ мешавад. Иддае аз табибон сагҳои дайдуро як навъ барангезандаи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти расмӣ давоми соли 2020 танҳо дар нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, беш аз 460 ҳолати захмишавии сокинон дар пайи газидани сагҳо ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20201112/COVID-19-saghoi-besohibro-dar-Khujand-bepanohgoh-guzosht-1032255874.html
https://sputnik.tj/20191122/Murojiati-VUD-mardum-badi-jinoyati-mudhish-navzodro-az-dahoni-sagon-yoftand-video-1030263835.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103052/00/1030520063_262:0:2849:1940_1920x0_80_0_0_65da11070b327419117434e7a87f4047.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, хуҷанд, маҷруҳ, саг
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, хуҷанд, маҷруҳ, саг
Қассоси саге, ки ҳамроҳонашро куштанд? шарҳи табибон дар бораи сокинони захмишудаи Хуҷанд
21:37 09.06.2021 (Навсозишуда: 11:51 10.06.2021) Саги дайдуе дар маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд баъди паррондани ҳамроҳонаш ба одамон ҳамла карда, ҳудуди 12 нафар аз ҷумла 4 кӯдакро сахт маҷруҳ кардааст, мегӯянд сокинон. Табибон танҳо аз бистарӣ шудани 8 нафар гуфтанд
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Мухтор Деҳқонов, мудири шуъбаи ҷарроҳии кӯдакон дар Бемористони клиникии № 1-и Хуҷанд, вазъи саломатии чаҳор кӯдакро, ки 5 июн ҳадафи ҳамлаи саги дайду қарор гирифтаанд, қаноатбахш арзёбӣ кард.
Деҳқонов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, нишонаҳои бемории ҳорӣ дар кӯдакони ҷабрдида муайян нашудааст.
“Аммо модоме, ки саги дайду то ҳол ёфт нашудааст ва маълум нест, ки он саг бемор аст ё не, кӯдакон бояд барои пешгирии бемории ҳорӣ 6 дона воксини зидди ин беморӣ гиранд. Агар саг пайдо шавад, муолиҷаи беморон боз ҳам осонтар мебуд”, - гуфт Деҳқонов.
Дар фаҳрасти кӯдакони ҷабрдида хоҳарон Мадина ва Меҳронаи 3 ва 8-сола ва ду кӯдаки сесола зикр шуданд, ки аз дасту пой, китф ва сару рӯй захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд, он саги дайду рӯзи шанбе аз саҳар то нимарӯзӣ ба сокинони зиёд ҳамла кардааст, ки теъдоди умумии ҷабрдидагон ҳудуди 12 нафар арзёбӣ мешавад.
Аммо Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии №1 - и Хуҷанд, изҳор дошт, ки ба шуъбаи онҳо якбора 8 сокини маҷруҳшуда аз ҳамлаи саг ворид гардиданд, ки се нафарро ба далели нисбатан вазнин будани ҳолашон ба Беморхонаи клиникии рақами як интиқол доданд. Бино ба гуфтаи ӯ, аксари муроҷиаткунандаҳо сокинони маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд будаанд.
“Захми 5 нафари дигар миёна буда, онҳо бо вояи зидди бемории ҳорӣ таъмин карда шуданд. Ҳоло вазъи саломатии 5 нафар муътадил аст”, - гуфт Абдуллоев.
Баъзе аз сокинон иброз доштанд, ки хашму ҳамлаи саг баъди он сурат гирифт, ки дар ин маҳалла чанде аз сагони дайду қир карда шуданд. Иқбол Султонов, мудири “Нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” тасдиқ намуд, ки се рӯз пеш аз ҳамлаи саг ба сокинон, дар ин маҳалла 5 саги дайду маҳв карда шуданд.
Султонов афзуд, ки баъд аз ҳамла, амалиёт барои пайдо ва боздошт кардани саги ҳамлагар идома дорад. Ӯ гуфт, баъзе сокинони ҷабрдида иброз доштанд, саги ҳамлагар зард ва тарафи сараш сафед будааст.
“Рӯзи шанбе дуто ва саҳарии якшанбе дар маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд 27 саг қир карда шуд. Баъзе сокинон гуфтанд, саге, ки онҳоро газид дар миёни 27 саги қиршуда ҳаст, вале баъзеи дигар рад карданд. Ҳоло аз ҷониби шикорчиён дастгир намудани он саг идома дорад”, - таъкид намуд Султонов.
Афзоиши шумори сагҳои дайду дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд як мавзӯъест, ки дар ин охирҳо зиёд дар расонаҳо бозтоб меёбад. Ин мавзуъест, ки дар ду соли охир зимни нишасти матбуотӣ аз сӯи рӯзноманигорон ба шаҳрдорони Хуҷанд дар миён гузошта мешавад, аммо амалан барои бартараф намудани ин мушкил кори назаррасе сурат намегирад.
Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори собиқи Хуҷанд барои рафъи ин мушкил ва тоза нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр, сохтмони як паногоҳ барои сагҳои дайдуро ваъда дода буд. Аммо онро сохта натавонист ва соли гузашта аз мақом барканор шуд.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини Хуҷанд ҳам зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки барои пок нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сагҳои дайду сохтмони паноҳгоҳ дар назар аст.
“Дар ҳақиқат ин проблемаи вазнин аст. Хусусан дар маҳаллаҳои 3 ва 8 худам ин вазъиятро дида истодаам”, - гуфт шаҳрдори Хуҷанд.
Бо гузашти қариб ним сол аз нишасти матбуотии шаҳрдори нави Хуҷанд масъалаи сагҳои дайду дар маркази Суғд дубора доғ мешавад. Иддае аз табибон сагҳои дайдуро як навъ барангезандаи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти расмӣ давоми соли 2020 танҳо дар нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, беш аз 460 ҳолати захмишавии сокинон дар пайи газидани сагҳо ба қайд гирифта шудааст.