ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Шарифа як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи захмӣ шудани дасти духтараш аз ашки саги дайду иброз намуд.
Ӯ гуфт, ин ҳодиса субҳ дар вақти мактабравии духтараш, рух додааст.
“Саг ба ҷузъдони мактабии духтарам ҳамла кардааст. Аз сангзании наҳаросида, балки дасти духтарамро газидааст. Аз баски мо намедонем, ки вай саг солим аст, ё бемор духтурон гирифтани 6 дона сӯзандорӯи зидди бемории ҳорӣ таъйин намуданд”, гуфт Шарифа.
Бино ба иттилоъи нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, давмои 9 моҳи соли ҷорӣ 457 мавриди захминшавии сокинон аз ҳисоби газидани сагҳо қайд шудааст. Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири шуъбаи нуқтаи осебшиносӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин танҳо оморест, ки онҳо сабт кардааст ва чунин ҳолатҳо дар дигар нуқтаҳои осебшиносӣ ва Бемористони марказӣ низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
“Дар сурати муроҷиати бемор бо чунин ҳолат, мо дараҷаи захмҳои расидаро месанҷем, ки он дар ҳудуди наздик ба торҳои асаб воқеъ аст, ё на. Дар сурати будани захм ба чунин дараҷа, беморро барои ҷарроҳӣ ба Бемористон интиқол медиҳем. Дар сурати номаълум будани саг гирифтани воксини зидди ҳорӣ таъқин карда мешавад” гуфт табиби осебшинос.
Афзоиши шумори сагҳои бесоҳиб ё дайду дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд аз мушкилоте, ки дар расонаҳо гуфта мешавад.
Мақомоти идораи беҳдоштӣ мегуянд, дар фасли сармо таҳти назорат қарор додани ҳамаи онҳоро як кори берун аз имкон медонанд. Соли 2019 дар пайи муроҷиати сокинон аз сӯи комиссияи вижа дар Хуҷанд 717 саги дайду нобуд карда шуда буд.
Дар оғози соли 2020, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ ба саволи рӯзноманигорон дар бораи афзоиши сагҳои дайду гуфта буд, ки “маҳв кардани сагҳои дайду аз нигоҳи табиати инсонӣ кори дуруст нест ва азми сохтани як паноҳгоҳ барои нигоҳубини сагҳои дайду дар шаҳрро дар нақша дорем”.
Ба саёҳати дунё бо дучарха ва саг
Аммо дар моҳи июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки натиҷаҳои фаъолияти соҳоти шаҳри Хуҷанд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ баррасӣ карда мешуд, шаҳрдори Хуҷанд иброз намуд, ки ғайриинтизор хуруҷи бемории COVID-19 ба азми сохтани паноҳгоҳ, барои сагҳои бесоҳиб таъсир гузоштааст.
Сурудхонии саг дар Ҳиндустон корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овард - навор
“Ҳамаи шумо дар хотир доред, ки мо қаблан дар шаҳр, сохтани як иншоот (приют) барои сангҳои дайдуро дар нақша доштем, вале чи хеле, ки мебинед бемории ҳамагири каронавирус ба ҳамаи соҳаҳо таъсир расонд, аз ҷумла барои ин иҷрои ин кори мо. Умедворем, ки ин беморӣ рӯзе нест мешавад ва мо нақшаҳои дар назар доштаамонро амалӣ менамоем”, гуфт Муҳаммадзода.