ИА ба зарардидагони сел дар Тоҷикистон 100 ҳазор евро кумак мекунад

© YoutubeСели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2021
Обуна шудан
Ин кумак ба 1800 хонаводае, ки аз ҳама беш аз офати табиӣ зарар диданд, расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҷомеаҳои осебпазири Тоҷикистон, бахусус онҳое, ки аз офатҳои табиӣ баҳори имсол зарар дидаанд, 100 ҳазор евро (тақрибан 1,4 миллион сомонӣ) ҷудо мекунад.
Кумак мустақиман ба 1800 нафар, ки аз ҳама беш зарар диданд, расонида мешавад.
Гуфта мешавад, маблағи имдоднамудаи ИА тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон равона мегардад.
Ба зарардидагони офати табиӣ, аз ҷумла, кӯрпаю болишт, зарфу табақ ва дигар ашёи лозим барои ошхона супорида мешавад. Илова бар ин, оилаҳое, ки комилан манзили зисти худро аз даст доданд, бо маблағ таъмин мегарданд, то эҳтиёҷоти худро бароварда кунанд.
Селевые потоки обрушились на Хатлон - youtube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Як рама гӯсфанд ба об рафт: мудҳиштарин лаҳзаҳои сел дар Кӯлоб - навор
Зикр гардид, ки азбаски оқибати чунин офатҳои табиӣ боиси барангехтани ҳаргуна бемориҳо мешавад, аз ин рӯ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамзамон тақсим намудани маводҳои гигиенӣ низ ба назар гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки боришоти шадид дар Тоҷикистон аз 6 то 13 май идома кард ва дар бисёр минтақаҳои ҷанубу ғарби кишвар боиси обхезӣ, ярч ва сел гардид.
Обхезиҳо ва ярчҳои минбаъда ба беш аз 25000 нафар зарар расониданд. Аз 1000 хона, ки бар асари офати табиӣ зарар диданд, як қисмати онҳо комилан вайрону валангор шуданд.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Сокинони зарардида ҳамчунин заминҳои кишт, чорво ва маводи ғизоии худро аз даст доданд.
Мувофиқи маълумоти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, вилояти Хатлон дар байни минтақаҳои аз ҳама зарардида қарор дорад. Ин офати табиӣ хисороти ҷонӣ низ дар пай дошту ҷони 9 касро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0