https://sputnik.tj/20210609/eloni-jazo-abdurahmonova-kushtori-ahmadjon-1040111833.html
Эълони ҷазои Абдураҳмонова барои куштори пурсарусадои Аҳмадҷони 7 – сола - видео
Эълони ҷазои Абдураҳмонова барои куштори пурсарусадои Аҳмадҷони 7 – сола - видео
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Душанбе Муборак Абдураҳмонова, сокини 53-солаи ноҳияи Синоро барои куштори кӯдак ба 16 соли зиндон маҳкум кард
2021-06-09T18:10+0500
2021-06-09T18:10+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
ҷазо
куштор
ҳодиса
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032468073_0:1706:2049:2858_1920x0_80_0_0_4be95dba10370561f7da3de7b17e09f7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Додгоҳ Муборак Абдураҳмоноваро дар куштори кӯдаки 7-сола, хешованди шавҳараш гунаҳкор донист. Бо қарори додгоҳ, ӯ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Ба иттилои додгоҳ, маҳкумшуда кӯдакро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш даъват намуда, латукӯб намудааст ва сарашро ба девор задаст. Мақомот сабаби ин ҳодисаро хусумати оилавӣ гуфтаанд. Ёдрас мешавем, қазияи пурсарусадои куштори кудаки 7-сола, 5 марти соли равон дар кӯчаи Кошевойи шаҳри Душанбе рух дод.Ҳамон рӯз, Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе баъд аз дарс ба хона барнагашт. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро аз манзили ҳамсоя ва хешовандашон - амаки падараш, оғӯштаи хун пайдо карданд.Худи маҳкумшуда дар як гузориши видеоии ВУД дар шарҳи ҳодиса гуфт, "Аҳмадҷон хез- хез, чува оба нахӯрдӣ, чува оба нахӯрдӣ, задам. Баъд овардам инҷа. Хуна дидам тарсида, ларзида паспорта гирифтаму куртама гирифтаму гурехтам". Баъди чанд рӯзи ҳодиса муттаҳам боздошт гардида, бо қарори додгоҳ барои 16 сол равонаи зиндон шудааст.
https://sputnik.tj/20210602/ocha-shahzod-kushtu-ghamhor-vonamud-video-1039920324.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032468073_0:1514:2049:3050_1920x0_80_0_0_b2bc25cda5800fa68638738f3eb67829.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, куштор, кӯдак
Эълони ҷазои Абдураҳмонова барои куштори пурсарусадои Аҳмадҷони 7 – сола - видео
18:10 09.06.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Додгоҳи шаҳри Душанбе Муборак Абдураҳмонова, сокини 53-солаи ноҳияи Синоро барои куштори кӯдак ба 16 соли зиндон маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Додгоҳ Муборак Абдураҳмоноваро дар куштори кӯдаки 7-сола, хешованди шавҳараш гунаҳкор донист.
Бо қарори додгоҳ, ӯ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Ба иттилои додгоҳ, маҳкумшуда кӯдакро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш даъват намуда, латукӯб намудааст ва сарашро ба девор задаст. Мақомот сабаби ин ҳодисаро хусумати оилавӣ гуфтаанд.
Ёдрас мешавем, қазияи пурсарусадои куштори кудаки 7-сола, 5 марти соли равон дар кӯчаи Кошевойи шаҳри Душанбе рух дод.
Ҳамон рӯз, Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе баъд аз дарс ба хона барнагашт. Пас аз чанд соати ҷустуҷӯ ҷасади кӯдакро аз манзили ҳамсоя ва хешовандашон - амаки падараш, оғӯштаи хун пайдо карданд.
Худи маҳкумшуда дар як гузориши видеоии ВУД дар шарҳи ҳодиса гуфт, "Аҳмадҷон хез- хез, чува оба нахӯрдӣ, чува оба нахӯрдӣ, задам. Баъд овардам инҷа. Хуна дидам тарсида, ларзида паспорта гирифтаму куртама гирифтаму гурехтам".
Баъди чанд рӯзи ҳодиса муттаҳам боздошт гардида, бо қарори додгоҳ барои 16 сол равонаи зиндон шудааст.