https://sputnik.tj/20210608/tojikistonu-eron-taqviyati-hamkorii-iqtisodiu-tijorati-1040089998.html
Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони нерӯи Эрон ва молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд
2021-06-08T20:35+0500
2021-06-08T20:35+0500
2021-06-08T20:35+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
энергетика
эрон
мулоқот
вазир
вазири молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040089958_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_5afb3aaec3c9b6dcff78939a1fa407f0.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати молия, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва саноат дар мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Ба иттилои Вазорати молияи ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.Бояд зикр кард, ки Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон ҳамчунин вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.
https://sputnik.tj/20210608/siyosat-iqtisodu-farhang-vazir-tojikiston-eron-1040086071.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040089958_86:0:974:666_1920x0_80_0_0_78eff8b14cc8730df7b95f81ae2e2d5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, тақвият, вазири молия
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, тақвият, вазири молия
Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд
Вазирони нерӯи Эрон ва молияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати молия, масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ ва саноат дар мулоқоти Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои Вазорати молияи ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Бояд зикр кард, ки Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакониён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо як ҳайат ба Тоҷикистон омадааст.
Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон ҳамчунин вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.
Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.