https://sputnik.tj/20210608/siyosat-iqtisodu-farhang-vazir-tojikiston-eron-1040086071.html
Аз сиёсат то иқтисоду фарҳанг: мулоқоти Муҳриддин бо Ардакониён
Аз сиёсат то иқтисоду фарҳанг: мулоқоти Муҳриддин бо Ардакониён
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири нерӯи Эрон ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ кард
2021-06-08T19:15+0500
2021-06-08T19:15+0500
2021-08-10T16:21+0500
дар тоҷикистон
эрон
осиёи марказӣ
ҳамкорӣ
мулоқот
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040085358_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_cdfd85a1f4095fafc6bab2cc7e565aa6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро дидору гуфтугӯ кард.Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Душанбе, ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргшузор шуд.Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон ҳамчунин вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.
https://sputnik.tj/20210607/ardakoniyon-eron-ravobit-moli-bonkiro-tojikiston-muhim-1040062258.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040085358_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_c6e37721fa3b92c1bf9fdd4dc7e78986.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, мулоқот, дидору гуфтугӯ, мулоқот вух, вазири нерӯи эрон
тоҷикистон, эрон, мулоқот, дидору гуфтугӯ, мулоқот вух, вазири нерӯи эрон
Аз сиёсат то иқтисоду фарҳанг: мулоқоти Муҳриддин бо Ардакониён
19:15 08.06.2021 (Навсозишуда: 16:21 10.08.2021) Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири энергетикаи Эрон ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири нерӯи Эрон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон Ризо Ардакониёнро дидору гуфтугӯ кард.
Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран дар Душанбе, ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргшузор шуд.
Дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Комиссияи муштарак, вазири энержии Эрон ҳамчунин вазири молия ва раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо мақсади ривоҷ додани ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти интиқоли барқ, роҳу нақлиёт, алоқа, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, саноат ва дигар соҳаҳо ҳавасмандии хешро иброз медорад. Воридоти сармоягузории мустақими Эрон асосан ба соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон, энергетика, саноати хӯрока, истеҳсоли тракторҳо, соҳаи кишоварзӣ ва савдо равона шудааст.
Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад. Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.