Суҳбати телефонии вазири тоҷику туркман баъд аз муддатҳои тӯлонӣ

© МИД РТ Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Тоҷикистону Туркманистон дурнамои муносибатҳои ду кишварро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркманаш суҳбати телефонӣ анҷом додааст, иттилоъ додааст Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки суҳбати мазкур бо ибтикори ҷониби Туркманистон сурат гирифтааст.
"Бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид",- таъдик доштааст ВУХ.
Дар ин суҳбати телефонӣ ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президент РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Туркманистон: аз фавти падар то созиш барои ҷаласа
Бояд қайд кард, ки суҳбатҳои телефонии вазирони умури хориҷии ду кишвар дар ҳолест, ки наздик ба ду сол мешавад, Туркманистон масири боркашонӣ ба василаи қаламрави худро барои Тоҷикистон бастааст ва ҷониби Тоҷикистон то кунун мегӯяд, ки далели инро намедонад.
Ҳоло тоҷирони Тоҷикистон барои кашондани молу маҳсулот масирҳои дигари ғайри Туркманистонро, ки дуртар ҳастанд истӣифода мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0