Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Туркманистон: аз фавти падар то созиш барои ҷаласа

© Пресс-служба президента РТПрезидента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президент РТ Эмомали Рахмон
Президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президент РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
Президентҳои Тоҷикистону Туркманистон мувофиқа кардаанд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро баргузор намоянд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистони дӯст таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба фавти падараш Мяликгули Бердимуҳамедович Бердимуҳамедов изҳор намуд. Раҳмон даргузашти падари президенти Туркманистонро талафоти гарон хондааст.
“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистонг дар хоитоб ба ҳамтои туркманаш.
Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом доданд.
“Дар ин зимн, президентҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Железнодорожный знак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2020
Туркманистон сохти роҳи оҳан аз Афғонистон то марзи Тоҷикистонро идома медиҳад
Ин суҳбату созишҳо дар ҳолеянд, ки Туркманистон аз соли 2019 ба автомашинаҳои самти Тоҷикистон иҷозаи убур аз марзи кишвари худ намедиҳад. Мақомоти туркман баъди дархостҳои пайиҳами ҷониби Тоҷикитон далели маҳдудиятро ба далоили амниятӣ рабт дод, аммо тафсилотро ироа накард.
Вазорати нақлиёт қаблан иттилоъ дода буд, ки айни замон барои ҳамлу нақли борҳо ба Тоҷикистон ва ё аз Тоҷикистон, ду хатсайри дигар истифода мешавад, ҳарчанд масофаи онҳо нисбат ба қаламрави Туркманистон дарозтар аст: аввалаш - тариқи Ӯзбекистон то бандари Актауи Қазоқистон ва Боку ва минбаъд тариқи қаламрави Озарбойҷон. Дуюмаш тариқи қаламрави Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия то Гурҷистон ва кишварҳои Шарқи Наздик мебошад, иттилоъ дода буд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0