https://sputnik.tj/20210513/navras-tojik-rusiya-najot-maktabhon-gharq-1039418748.html
Навраси тоҷик дар Русия ба хотири наҷоти мактабхон ғарқ шуд
Навраси тоҷик дар Русия ба хотири наҷоти мактабхон ғарқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Феълан ҷустуҷӯи ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯди неваи Русия идома дорад
2021-05-13T13:05+0500
2021-05-13T13:05+0500
2021-05-13T13:43+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
тоҷик
ғарқ
наврас
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Навраси тоҷик дар рӯди Нева ғарқ шуд, хабар медиҳад 47 news.Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград дар пайи наҷоти номуваффақи як хонандаи мактаб аз ғарқшавӣ, зери об рафт.Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуш бегоҳи рӯзи 12 май рух дод.Тибқи маълумоти пешакӣ, як мактаббачаи 13-сола ба дарёи Нева афтода, ғарқ шудан гирифт. Ин ҳодисаро навраси ду соли аз ӯ калонтар, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, дида худро ба дарёни дарё андохт, то кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад. Аммо кӯдак тавонист зинда ба соҳил барояд, вале навраси тоҷикро об фурӯ бурд.Дар Саридораи вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар минтақаи Ленинград хабар додаанд, ки ҷустуҷӯи навраси гумшуда идома дорад.Бояд гуфт, ҳолатҳои наҷот додани шаҳрвандони рус дар Русия аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ангуштшумор набуда, балки бисёр рух медиҳад.Дақиқан, моҳи январ ду муҳоҷири тоҷик барои наҷот додани одамон аз оташсӯзӣ дар Санкт - Петербург қадрдонӣ шуда буданд.Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба зодагони Тоҷикистон Зариф Ниёзов ва Фарух Умаров мукофотҳои фахрӣ дода буд.Ин ду зодаи Тоҷикистон сокинони як бинои истиқоматӣ, ки ба коми оташ рафта буд, аз марг наҷот доданд.Корнамоии қаҳрамононаи ду дӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи васеъ пайдо кард. Корбарон ба ҷасорати ҷавонони тоҷик баҳои баланд доданд.
https://sputnik.tj/20210120/KHA-du-toikistoniro-qadrdoni-kard-1032656569.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, наврас, тоҷик, ғарқ
русия, наврас, тоҷик, ғарқ
Навраси тоҷик дар Русия ба хотири наҷоти мактабхон ғарқ шуд
13:05 13.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 13.05.2021) Феълан ҷустуҷӯи ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯди неваи Русия идома дорад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Навраси тоҷик дар рӯди Нева ғарқ шуд, хабар медиҳад 47 news.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград дар пайи наҷоти номуваффақи як хонандаи мактаб аз ғарқшавӣ, зери об рафт.
Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуш бегоҳи рӯзи 12 май рух дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ, як мактаббачаи 13-сола ба дарёи Нева афтода, ғарқ шудан гирифт. Ин ҳодисаро навраси ду соли аз ӯ калонтар, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, дида худро ба дарёни дарё андохт, то кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад. Аммо кӯдак тавонист зинда ба соҳил барояд, вале навраси тоҷикро об фурӯ бурд.
Дар Саридораи вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар минтақаи Ленинград хабар додаанд, ки ҷустуҷӯи навраси гумшуда идома дорад.
Бояд гуфт, ҳолатҳои наҷот додани шаҳрвандони рус дар Русия аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ангуштшумор набуда, балки бисёр рух медиҳад.
Дақиқан, моҳи январ ду муҳоҷири тоҷик барои наҷот додани одамон аз оташсӯзӣ дар Санкт - Петербург қадрдонӣ шуда буданд.
Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба зодагони Тоҷикистон Зариф Ниёзов ва Фарух Умаров мукофотҳои фахрӣ дода буд.
Ин ду зодаи Тоҷикистон сокинони як бинои истиқоматӣ, ки ба коми оташ рафта буд, аз марг наҷот доданд.
Корнамоии қаҳрамононаи ду дӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи васеъ пайдо кард. Корбарон ба ҷасорати ҷавонони тоҷик баҳои баланд доданд.