Сокини Душанбе бо меҳмони худ арақ нӯшиду ӯро кушт

© PixabayПохмелье, архивное фото
Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Меҳмондор қаблан барои ҷинояти авбошӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор суд шуда буд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини 58 - солаи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 5 июн, тахминан соати 23:30 дақиқа дар манзили зисти боздоштшуда сурат гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳар ду мард нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ бо якдигар ҷангу ҷанҷол карданд.
"Сипас, гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба қафаси синаи охирон зарба расонд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷа марди 35 - сола аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Ҳалокат дар роҳ ба беморхона: ВКД аз ҳодисаи куштор дар боғе дар Душанбе хабар дод
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, сокини 58 - солаи пойтахт қаблан бо моддаи 237 (Авбошӣ) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир) суд шуда буд.
Феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0