Ҳалокат дар роҳ ба беморхона: ВКД аз ҳодисаи куштор дар боғе дар Душанбе хабар дод

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкТамбовская областная станция скорой медицинской помощи
Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Обуна шудан
Дар натиҷаи ҷанҷол як ҷавони 25-сола кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи куштор дар боғи "Мироненко"-и шаҳри Душанбе хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса қариб як ҳафта қабл рух дода будааст.
Гуфта мешавад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Нож в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Ҷанҷоли ду ҳамдеҳа ба кордкашиву куштор табдил ёфт: боздошти марди 29-сола дар Душанбе
"Номбурдагон, 22-юми майи соли 2021, тахминан соати 21:50-дақиқа, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии "Мироненко", воқеъ дар кӯчаи Маяковскии пойтахт бо ҷавони 25-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намудаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ
Дар натиҷа яке аз онҳо ба сару рӯи ҷавони 25-сола зарбаҳо задааст, ки ӯ ба замин афтодааст.
Ҷабрдида мутаассифона, ҳангоми дастрас кардан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВКД менависад, тадқиқоти ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0