https://sputnik.tj/20210306/COVAX-vaksin-tojikiston-1032958754.html
COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст
COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар дар доираи механизми COVAX бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин шаванд 06.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-06T19:00+0500
2021-03-06T19:00+0500
2021-03-06T18:41+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759735_0:161:2964:1828_1920x0_80_0_0_7ce180c6a29868dd0f2ff8c90fb7a0a4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби ваксин алайҳи маризии коронавирус шуданд.Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома аз ҷумла кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигария, Судон, Гана, Руандо,Лесота ваксинро дастрас карданд.Илова бар ин, COVAX, Ҳиндустону Комбоҷа, Молдова ва Колумбияро низ бо ваксин таъмин кардааст.Дар ҳамин ҳол, СҶБ мегӯяд, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби ваксин алайҳи вируси COVID - 19 мегарданд. Ҷамъан 14,4 миллион воя ваксин миёни 31 давлат таҳсимбандӣ мешавад.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон расман ваксини AstraZeneca-ро тасдиқ кард. Чанде пеш, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад.Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон барои қаблуи ваксини мазкур тамоми шароит дорад ва ҳоло воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он омода шудааст.Таъкид мегардад, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210306/Sputnik-V-duvvumin-mamultarini-jahon-1032956700.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032759735_233:0:2964:2048_1920x0_80_0_0_9732c1b8adaca292e62bd088c4bff956.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон
тандурустӣ, ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон
COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст
Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар дар доираи механизми COVAX бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин шаванд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби ваксин алайҳи маризии коронавирус шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома аз ҷумла кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигария, Судон, Гана, Руандо,Лесота ваксинро дастрас карданд.
Илова бар ин, COVAX, Ҳиндустону Комбоҷа, Молдова ва Колумбияро низ бо ваксин таъмин кардааст.
Дар ҳамин ҳол, СҶБ мегӯяд, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби ваксин алайҳи вируси COVID - 19 мегарданд. Ҷамъан 14,4 миллион воя ваксин миёни 31 давлат таҳсимбандӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон расман ваксини AstraZeneca-ро тасдиқ кард. Чанде пеш, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон барои қаблуи ваксини мазкур тамоми шароит дорад ва ҳоло воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он омода шудааст.
Таъкид мегардад, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.