https://sputnik.tj/20210608/bayden-zelenski-vashington-1040070004.html
Байден Зеленскиро ба Вашингтон хонд
Байден Зеленскиро ба Вашингтон хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Украина гуфт, дидору мулоқоти ӯ бо Ҷо Байден Президенти Амрико моҳи июл баргузор мешавад
2021-06-08T09:30+0500
2021-06-08T09:30+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
президент
вашингтон
даъват
ҷо байден
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038800595_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_284283ca8ae38b00359df9158f8157e6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи душанбе бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва ӯро тобистони имсол ба Вашингтон даъват кард, менависад ТАСС.Бар хабари манбаъ, дар бораи суҳбати Байден бо Зеленский, ёвари президент оид ба амнияти миллӣ Ҷейк Салливан зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, Байден ба Зеленский ваъда додааст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯи худ бо президенти Русия Владимир Путин дар Женева, ки 16 июн баргузор мешавад, манфиатҳои Украинаро дифоъ мекунад.Зимнан, худи раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский низ дар сафҳаи Твиттери худ миннатдорияшро ба президенти Амрико бобати даъват намудани ӯ ба Вашингтон иброз дошт."Ташаккур ба Ҷо Байден, ки маро дар моҳи июли соли ҷорӣ ба зиёрати Кохи Сафед даъват кард", - навиштааст Зеленский дар сафҳаи худ. Зеленский таъкид кард, ки ӯ бесаброна ин мулоқотро интизор аст. Қаблан Зеленский дар мусоҳиба бо Axios гуфта буд, ки омода аст бо Байден қабл аз мулоқоти ӯ бо Владимир Путин вохӯрад, аммо чунин имконият рӯи даст надорад.Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Владимир Путин роҳбари Русия ва кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар шаҳри Женева баргузор мегардад.
вашингтон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038800595_145:0:2876:2048_1920x0_80_0_0_97f7bf16bbcab68217c037ad79c359bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷо байден, владимир зеленский, даъват
ҷо байден, владимир зеленский, даъват
Байден Зеленскиро ба Вашингтон хонд
09:30 08.06.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Раисиҷумҳури Украина гуфт, дидору мулоқоти ӯ бо Ҷо Байден Президенти Амрико моҳи июл баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи душанбе бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод ва ӯро тобистони имсол ба Вашингтон даъват кард, менависад ТАСС.
Бар хабари манбаъ, дар бораи суҳбати Байден бо Зеленский, ёвари президент оид ба амнияти миллӣ Ҷейк Салливан зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Байден ба Зеленский ваъда додааст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯи худ бо президенти Русия Владимир Путин дар Женева, ки 16 июн баргузор мешавад, манфиатҳои Украинаро дифоъ мекунад.
"Ин як гуфтугӯи телефонӣ буд, ки онҳо дар арафаи сафари президент Байден ба Аврупо ва мулоқоти ӯ бо президенти Русия Владимир Путин анҷом доданд. Онҳо имкон доштанд, ки муддати дароз дар бораи ҳамаи масъалаҳо бобати муносибатҳои Амрико ва Украина сӯҳбат кунанд", - шарҳ дод Салливаен.
Зимнан, худи раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский низ дар сафҳаи Твиттери худ миннатдорияшро ба президенти Амрико бобати даъват намудани ӯ ба Вашингтон иброз дошт.
"Ташаккур ба Ҷо Байден, ки маро дар моҳи июли соли ҷорӣ ба зиёрати Кохи Сафед даъват кард", - навиштааст Зеленский дар сафҳаи худ.
Зеленский таъкид кард, ки ӯ бесаброна ин мулоқотро интизор аст.
Қаблан Зеленский дар мусоҳиба бо Axios гуфта буд, ки омода аст бо Байден қабл аз мулоқоти ӯ бо Владимир Путин вохӯрад, аммо чунин имконият рӯи даст надорад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Владимир Путин роҳбари Русия ва кишвардори Амрико Ҷо Байден рӯзи 16 июн дар шаҳри Женева баргузор мегардад.