https://sputnik.tj/20210607/vaziri-enerzhii-eron-voridi-tojikiston-shud-1040026333.html
Яхҳо об мешаванд: вазири энержии Эрон вориди Тоҷикистон шуд
Яхҳо об мешаванд: вазири энержии Эрон вориди Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири Энержии Эрон барои иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд
2021-06-07T15:35+0500
2021-06-07T15:35+0500
2021-06-07T16:23+0500
дар тоҷикистон
энергетика
душанбе
эрон
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040060526_0:52:1280:772_1920x0_80_0_0_fbf5ace2ff2cac09fa88e4b555a98722.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ризо Ардакониён, вазири нерӯ (энержӣ)-и Эрон, ба Тоҷикистон омадааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Манбаъ қайд намудааст, ки вазири нерӯи Эрон рӯзи 7-уми июн ба хотири "иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон" вориди шаҳри Душанбе шуд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки вазири энержии Эрон дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа, ки ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон аст, дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо мақомоти дигари Тоҷикистон дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар низ дар назар аст.Тибқи иттилои ахир Ризо Ардакониён бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидору мулоқот кард.Дар барномаи вазири нерӯи Эрон мулоқот бо сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, вазири нақлиёт, вазири молия ба ҳамроҳи раиси Бонки миллӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Ёдрас мешавем, ки Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд соли ахир, айни замон мақомоти ду кишвар талош доранд, робитаҳоро барқарор намоянд. Барои мисол дар дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд.
https://sputnik.tj/20210604/rahimzoda-imzoi-sozishnoma-hamkori-eron-robitaho-1039976381.html
душанбе
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040060526_102:0:1239:853_1920x0_80_0_0_c0a27ae56103bd5094649df0d0cf9116.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, вазири энергетика, душанбе, сафар
тоҷикистон, эрон, вазири энергетика, душанбе, сафар
Яхҳо об мешаванд: вазири энержии Эрон вориди Тоҷикистон шуд
15:35 07.06.2021 (Навсозишуда: 16:23 07.06.2021) Вазири Энержии Эрон барои иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон вориди шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ризо Ардакониён, вазири нерӯ (энержӣ)-и Эрон, ба Тоҷикистон омадааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Манбаъ қайд намудааст, ки вазири нерӯи Эрон рӯзи 7-уми июн ба хотири "иштирок дар чаҳордаҳумин нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон" вориди шаҳри Душанбе шуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки вазири энержии Эрон дар Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Далер Ҷумъа, ки ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон аст, дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳамчунин мулоқоти ӯ бо мақомоти дигари Тоҷикистон дар робита ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар низ дар назар аст.
Тибқи иттилои ахир Ризо Ардакониён бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дидору мулоқот кард.
Дар барномаи вазири нерӯи Эрон мулоқот бо сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ, вазири нақлиёт, вазири молия ба ҳамроҳи раиси Бонки миллӣ ҳам пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд соли ахир, айни замон мақомоти ду кишвар талош доранд, робитаҳоро барқарор намоянд.
Барои мисол дар дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд.
Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд.