https://sputnik.tj/20210607/tafson-ghuborolud-khf-havf-sel-1040025200.html
Тафсону ғуборолуд: КҲФ аз хавфи омадани сел ҳушдор медиҳад
Тафсону ғуборолуд: КҲФ аз хавфи омадани сел ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад, ки ба маҳалҳои кӯҳиву назди кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ хатар дорад.
2021-06-07T14:59+0500
2021-06-07T14:59+0500
2021-07-07T18:14+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кҳф
тобистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102364/76/1023647667_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_135d6dc69be6931290dfa84823f8d155.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки чанд рӯзи охир дар кишвар ҳаво ниҳоят тафсон мешавад.Манбаъ меафзояд, ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад, ки ба маҳалҳои кӯҳиву назди кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ хатар дорад.Зеро гармои шадид боиси об шудани пиряхҳо ва сероб кардани рӯду каналҳо мегардад, ки дар натиҷа имкони фаромадани селро афзун мекунад.Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар чунин вазъи ҳаво ба саломатии худ бештар диққат диҳанд ва ҳамзамон барои пешгирии харобиҳои селу лойоба, ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаю каналҳо тоза карда шаванд.
https://sputnik.tj/20210531/khf-hatari-omadani-sel-harobkor-hushdor-1039861028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102364/76/1023647667_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_d617059ccffb9da3caf951850b3292a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, тоҷикистон, гармӣ
Тафсону ғуборолуд: КҲФ аз хавфи омадани сел ҳушдор медиҳад
14:59 07.06.2021 (Навсозишуда: 18:14 07.07.2021) Ин ниҳод аз меҳмонону шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар чунин вазъи ҳаво ба саломатӣ диққати бештар дода шавад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки чанд рӯзи охир дар кишвар ҳаво ниҳоят тафсон мешавад.
"Дар баробари гармӣ, ҳаво пур аз чангу ғубор хоҳад шуд, ки ба саломатии шаҳрвандон метавонад таъсири баде гузорад", - таъкид мешавад дар хабари кумита.
Манбаъ меафзояд, ҳаво то 45 дараҷа гарм мешавад, ки ба маҳалҳои кӯҳиву назди кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ хатар дорад.
Зеро гармои шадид боиси об шудани пиряхҳо ва сероб кардани рӯду каналҳо мегардад, ки дар натиҷа имкони фаромадани селро афзун мекунад.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар чунин вазъи ҳаво ба саломатии худ бештар диққат диҳанд ва ҳамзамон барои пешгирии харобиҳои селу лойоба, ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаю каналҳо тоза карда шаванд.