КҲФ аз ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор ҳушдор медиҳад

© Фото : Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар АсламшоеваСел дар Дарвоз
Сел дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2021
Обуна шудан
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додааст, ки бино бар маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то 1 июни соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои номусоид ва хатари омадани селҳои харобкор боқӣ мемонад.
Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо ба минтақаҳои кӯҳӣ барои ҷамъоварии алафу ҳезум ва чорвочаронӣ нараванд.
Инчунин манбаъ аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо будан эҳтиёткор бошанд.
Хаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Шарҳи КҲФ дар бораи вазъи минтақаҳои селзадаи Вахш ва кумак ба зарардидагон
Ҳамзамон КҲФ, ба сокинону меҳмонон тавсия додааст, ки аз рафтан барои истироҳат ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз паёмадҳои омадани сел хотиррасон кардааст, ки селроҳаҳо, каналу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тоза намоянд, афзудааст КҲФ.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯши дигар шаҳрвандон ба КҲФ муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0