https://sputnik.tj/20210607/sagi-daydu-sokini-khujandro-zahmi-kard-1040065586.html
Саги дайду беш аз 12 сокини Хуҷандро захмӣ кард: дар маҳаллаи 3 – юми шаҳр чӣ рух дод?
Саги дайду беш аз 12 сокини Хуҷандро захмӣ кард: дар маҳаллаи 3 – юми шаҳр чӣ рух дод?
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи шанбе дар маҳаллаи 3 юми Хуҷанд ҳодисае рух дод, ки боиси захминшавии беш аз 12 сокини ин маҳалла гардид.
2021-06-07T19:20+0500
2021-06-07T19:20+0500
2021-06-10T11:49+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
сокинон
захмӣ
саг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101576/77/1015767798_0:165:2898:1795_1920x0_80_0_0_648c2cfc2e683c33ae5cc15f6f8b9216.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Рухдоди ин ҳодисаи нохушро аз идораҳои санитарию эпидемиологӣ, идораи байторӣ, идораи нақлиёти санитарӣ ва нуқтаи осебшиносии маркази саломатии №1 и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии №1 и Хуҷанд иброз намуд, ки рӯзи шанбе ба шуъбаи онҳо 8 сокине, ки аз ашки он саг осебдида муроҷиат намудаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, аксари муроҷиаткунандаҳо сокинони маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд будаанд.Баъзе аз огоҳони ҳодиса шумори захминшавии сокинонро ба беш аз 12 нафар мешуморанд. Иқбол Султонов, иҷрокунандаи вазифаи директори Корхонаи воҳидӣ давлатии комуналии “Нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъд аз рухдоди ин ҳодисаи нохуш ҳоло амалиёти кофтуков ва боздошти саги хашмгиншуда идома дорад. Ӯ гуфт, баъзе сокинони ҷабрдида иброз намудаанд саге, ки рӯзи шанбе ба онҳо ҳамла кард, рангаш зард буда, тарафи сараш сафед будааст. Баъзе аз сокинон иброз менамоянд, ки хашмгиншавии саг дар он рӯз баъди маъракаи қиркунии сагҳои дайду дар ин маҳаллаи Хуҷанд сар шудааст. Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллаи 3-юм, чизе, ки ба хашминшавии он саг боис шудааст, манзараи кушташавии сагҳо дар ин маҳаллаи шаҳр будааст. Иқбол Султонов тасдиқ намуд, ки се рӯз пеш аз ҳодисаи ҳамлаи саг ба сокинон, дар ин маҳаллаи Хуҷанд 5 саги дайду маҳв карда шуда буд. Афзоиши шумори сагҳои дайду дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд як мавзӯъест, ки дар ин охирҳо зиёд дар бозтоби расонаҳо қарор мегирад. Ин мавзуъест, ки дар ду соли охир зимни нишасти матбуотӣ аз сӯи рӯзноманигорон ба ҳокимони Хуҷанд дар миён гузошта мешавад, аммо амалан барои бартараф намудани ин мушкил кори назаррасе сурат намегирад. Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори собиқи Хуҷанд барои рафъи ин мушкил ва тоза нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр, сохтмони як паногоҳ барои сагҳои дайдуро ваъда дода буд. Аммо онро сохта натавонист ва соли гузашта аз мақом барканор шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини Хуҷанд ҳам зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки барои пок нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сагҳои дайду сохтмони паноҳгоҳ дар назар аст.Бо гузашти қариб ним сол аз нишасти матбуотии шаҳрдори нави Хуҷанд ҳоло мавзӯъи вуҷуди сагҳои дайду дар маҳаллаҳои Хуҷанд дубора доғ мешавад. Иддае аз табибон сагҳои дайдуро як навъ барангезандаи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти расмӣ давоми соли 2020 танҳо дар нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, беш аз 460 ҳолати захмишавии сокинон дар пайи газидани сагҳо ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20201230/Maomoti-Bokhtar-703-sagi-daydu-bezarar-gardonida-shud-1032556049.html
https://sputnik.tj/20200817/Dah-hazor-somoni-baroi-katli-420-sagi-daydu-1031744160.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101576/77/1015767798_85:0:2814:2047_1920x0_80_0_0_14f8572cffa920ffdb061429aab7e9a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, саги дайду, суғд, сокинон, захми шудан
тоҷикистон, хуҷанд, саги дайду, суғд, сокинон, захми шудан
Саги дайду беш аз 12 сокини Хуҷандро захмӣ кард: дар маҳаллаи 3 – юми шаҳр чӣ рух дод?
19:20 07.06.2021 (Навсозишуда: 11:49 10.06.2021) Рӯзи шанбе дар маҳаллаи 3 юми Хуҷанд ҳодисае рух дод, ки боиси захмишавии беш аз 12 сокини ин маҳалла гардид. Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи 3 – юми шаҳри Хуҷанд як саги дайду аз саҳар то нимарӯзии 5 уми июн дар роҳ ба сокинони зиёд ҳамла кардааст
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Рухдоди ин ҳодисаи нохушро аз идораҳои санитарию эпидемиологӣ, идораи байторӣ, идораи нақлиёти санитарӣ ва нуқтаи осебшиносии маркази саломатии №1 и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Ҷамшедҷон Абдуллоев, мудири нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии №1 и Хуҷанд иброз намуд, ки рӯзи шанбе ба шуъбаи онҳо 8 сокине, ки аз ашки он саг осебдида муроҷиат намудаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, аксари муроҷиаткунандаҳо сокинони маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд будаанд.
“Аз он, ки захми 3 нафар вазнин арзёбӣ мешуд, мо онҳоро ба шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникавии №1 интиқол додем. Захми 5 нафари дигар миёна гуфта мешавад ва ба онҳо вояи зидди бемории ҳорӣ истифода карда шуд. Ҳоло вазъи саломатии 5 нафар муътадил арёбӣ мешавад”, - гуфт Абдуллоев.
Баъзе аз огоҳони ҳодиса шумори захминшавии сокинонро ба беш аз 12 нафар мешуморанд.
Иқбол Султонов, иҷрокунандаи вазифаи директори Корхонаи воҳидӣ давлатии комуналии “Нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъд аз рухдоди ин ҳодисаи нохуш ҳоло амалиёти кофтуков ва боздошти саги хашмгиншуда идома дорад.
Ӯ гуфт, баъзе сокинони ҷабрдида иброз намудаанд саге, ки рӯзи шанбе ба онҳо ҳамла кард, рангаш зард буда, тарафи сараш сафед будааст.
“Рӯзи шанбе 2 то ва саҳарии якшанбе дар маҳаллаи 3 -юми Хуҷанд 27 сар сарг қир карда шуд. Баъзе сокинон иброз намуданд, ки саге онҳоро газид дар миёни 27 саги қиршуда ҳаст, вале баъзеи дигар кушта шудани сагро рад намуданд. Ҳоло аз ҷониби шикорчиён дастгир намудани он саг идома дорад”, - таъкид намуд Султонов.
Баъзе аз сокинон иброз менамоянд, ки хашмгиншавии саг дар он рӯз баъди маъракаи қиркунии сагҳои дайду дар ин маҳаллаи Хуҷанд сар шудааст.
Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллаи 3-юм, чизе, ки ба хашминшавии он саг боис шудааст, манзараи кушташавии сагҳо дар ин маҳаллаи шаҳр будааст.
Иқбол Султонов тасдиқ намуд, ки се рӯз пеш аз ҳодисаи ҳамлаи саг ба сокинон, дар ин маҳаллаи Хуҷанд 5 саги дайду маҳв карда шуда буд.
Афзоиши шумори сагҳои дайду дар кӯчаву маҳаллаҳои Хуҷанд як мавзӯъест, ки дар ин охирҳо зиёд дар бозтоби расонаҳо қарор мегирад.
Ин мавзуъест, ки дар ду соли охир зимни нишасти матбуотӣ аз сӯи рӯзноманигорон ба ҳокимони Хуҷанд дар миён гузошта мешавад, аммо амалан барои бартараф намудани ин мушкил кори назаррасе сурат намегирад.
Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори собиқи Хуҷанд барои рафъи ин мушкил ва тоза нигоҳ доштани кӯчаҳои шаҳр, сохтмони як паногоҳ барои сагҳои дайдуро ваъда дода буд. Аммо онро сохта натавонист ва соли гузашта аз мақом барканор шуд.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори навтаъйини Хуҷанд ҳам зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки барои пок нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сагҳои дайду сохтмони паноҳгоҳ дар назар аст.
“Дар ҳақиқат ин проблемаи вазнин аст. Хусусан дар маҳаллаҳои 3 ва 8 худам ин вазъиятро дида истодаам”, - гуфт шаҳрдори Хуҷанд.
Бо гузашти қариб ним сол аз нишасти матбуотии шаҳрдори нави Хуҷанд ҳоло мавзӯъи вуҷуди сагҳои дайду дар маҳаллаҳои Хуҷанд дубора доғ мешавад.
Иддае аз табибон сагҳои дайдуро як навъ барангезандаи бемориҳои сироятӣ арзёбӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти расмӣ давоми соли 2020 танҳо дар нуқтаи осебшиносии Маркази саломатии шаҳрии № 1 дар Хуҷанд, беш аз 460 ҳолати захмишавии сокинон дар пайи газидани сагҳо ба қайд гирифта шудааст.