Мақомоти Бохтар: 703 саги дайду безарар гардонида шуд

© Sputnik / Амир ИсаевБродячие собаки, архивное фото
Бродячие собаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии камуналии шаҳри Бохтар 703 саги дайду безарар гардонида шуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ғиёсов Зафар, роҳбари корхонаи давлатии фаръии хоҷагии камуналии шаҳри Бохтар дар сухбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки омили зиёд шудани сагҳои дайду дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ин аз ҷониби сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳр овардаву раҳо кардани сагҳо аст.

“Ба ҳар сурат, мо кӯшиш дорем, ки саривақт онҳоро безарар гардонида, сокинонро аз хатари онҳо эмин нигоҳ дорем. Ҳар моҳ тақрибан 75 саг безарар гардонида мешавад”, - қайд кард Ғиёсов Зафар.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти ноҳияи Ёвон эълон карда буд, ки бо маблағҳои буҷети мақомоти маҳаллӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ тир харидорӣ кард то бо ин тирҳо 420 саги дайду безарар гардонад.

Бродячие собаки в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Осеб дидани беш аз 3500 сокинони вилояти Хатлон аз дасти сагҳои дайду

Гуфта шудааст, ки ба далели камбуди тир барои безарар гардонидани сагҳо дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Ёвон сагҳои дайду зиёд ба назар мерасад.

“Барои харидани тир бо мақсади  нобуд кардани сагҳо ба раиси ноҳия муроҷиат кардем. Раис моро дастгирӣ кард ва рӯзҳои наздик бояд 5 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шавад”, — илова кард Қурбон Ёров.

Ҳамзамон масъулони беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ хабар доданд, ки дар 7 моҳи соли равон 28 нафар бо далели осеб дидан аз ҳайвонҳо ба беморхона муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо се нафар бистарӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0