Омодагии Роҳи оҳани Тоҷикистон барои расонидани муҳоҷирон ба Русия

© Sputnik Гусели мусофирон
Гусели мусофирон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон аз омодагии худ дар бораи расонидани муҳоҷирони корӣ ба Русия аз тариқи қатораҳо таъкид мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Убайдулло Обидов, сардори идораи Роҳи оҳан дар минтақаи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, корхонаи онҳо барои расонидани муҳоҷирон ба Русия тариқи қатораҳо, омодааст.
Дар шароити гарон будани қиммати чиптаи ҳавопаймо ӯ, роҳи оҳанро, роҳи алтернативӣ ва боэътимод маънидод кард.
“Мо ҳолати техникии қатораҳои мусофиркашонро пурра аз санҷиш гузаронидаем. Қатораҳо барои сафар ба Русия ба пуррагӣ омодаанд”, - гуфт Обидов.
Бино ба гуфти ӯ, дар ҳоли ҳозир дар корхонаи Роҳи оҳани минтақаи Суғд, 84 қатораи мусофиркашон дар ҳолати хубӣ корӣ қарор дорад.
То охири соли 2019, яъне то замони паҳншавии шуъӯи бемории каронавирус ҳаракати қатораҳо дар масири Хуҷанд – Москва – Хуҷанд ва инчунин Душанбе – Москва – Душанбе ва Кӯлоб – Москва – Кӯлоб ҳар ҳафта ба роҳ монда шуда буд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагир боиси боз истодани ҳаракати қатораҳо дар чунин масир гардид.
Ахиран, Марат Хуснуллин муовини сарвазири Русия зимни баргузории Форуми байналмиллӣ, ки дар шаҳри Санкт – Петербург доир шуд, дар бораи имконпазир шудани сафари муҳоҷирон тавассути роҳи оҳан таъкид кард.
Прибытие поезда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Ба Русия тавассути роҳи оҳан: қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон
“Ҳоло танҳо бо ҳавопаймо омада метавонанд, мо имкони омадан тавассути роҳи оҳанро низ баррасӣ кардем, яъне ин иловагӣ хоҳад буд”, - шарҳ дод Хуснуллин.
Муовини сарвазири Русия дар бораи норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ҳарф зада, вазъи мавҷударо барои иқтисодиёти ин кишвар фалокатбор номид.
Масъулони соҳаи иқтисодиёт дар хусуси расонидани 7000 муҳоҷири корӣ ба Русия дар зудтарин фурсат изҳор кардаанд, ки дар ин радиф ҳаракати қатораҳои мусофиркашо имконпазир хоҳад шуд.
“Мо кӯшиш менамоем, ки тавозуни манфиатҳоро пайдо кунем ва ба мувофиқа расидем, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва ворид кардани нерӯи кориро аз ҷониби ширкатҳои калон сода мекунем. Ба низомнома тағйирот ворид карда шуд”, - иброз намудаанд, масъулин дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Дар ҳоле, ки нархи чиптаи ҳавопаймо гарон буда ва масъулини соҳа зери назорат гирифтани нархҳои мавҷуда дар Тоҷикистонро мушкил арзёбӣ мекунанд, бахши аъзами сокинон, онҳое, ки азми рафтан ба Русияро доранд ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳоро муҳим ва саривақтӣ мешуморанд.
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид
Ахиран Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон қиммати чиптаи ҳавопайморо вобаста ба масири парвоз аз 300 то 500 доллар муқаррар намуд. Вале тавре муҳоҷирон мегуянд, пайдо намудани чипта бо чунин қимат дар наздиктарин фурсат душвор аст.
Одилҷон як сокини ноҳияи Ашт мегуяд, азми рафтан ба шаҳри Челябински Русияро дорад, аммо бо нархи арзон билет ёфта наметавонад.
“Билет ҳаст, гарон 8500 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки нархи билетҳоро 500 доллар ё 5650 сомонӣ гуфта буданд. Дар кассаҳои билетфурӯшӣ мегуянд, ки ҳамаи билети парвозҳои наздик фурӯхта шудаанд. Барои бо ин нарх билет харидан, бояд як моҳ мунтазир монед”, - гуфт сокини ноҳияи Ашт.
Қудбӣ Каримов, сокини ноҳияи Зафаробод бошад мегӯяд, барои хариди чиптаи ҳавопаймо маблағӣ кофӣ надорад аз ин лиҳоз кушодавии роҳи оҳанро нигоҳ дорад.
"Маблағи лозимаи пасандоз надорам ҳоло. Агар роҳи оҳанро кушоянд, чипта арзонтар шавад, пасон як ду моли хурд дорам онҳоро фурӯхта билет мегирам. Ҳоло имкон надорам маҷбурам тоқат кунам", - мегӯяд Каримов
Соли 2019, чиптаи аз ҳама аъло (купе) и қатора 1200 сомонӣ арзиш дошт, ки он баробар ба 50 % и нархи билети ҳавопаймо рақам зада мешуд.
Лентаи хабарҳо
0