Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународный аэропорт Душанбе
Международный аэропорт Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Обуна шудан
Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ шаҳрвандон метавонанд ба Агентии авиатсияи гражданӣ муроҷиат намоянд
ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки минбаъд аз ширкатҳои русие, ки беасос нархро боло бардошта буданд, чигуна метавон бо нархномаи нав билет харид.
Тавре пештар низ агентӣ иттилоъ дода буд, ки минбаъд арзиши чипта аз се ширкати русӣ Сибирь", "Уральские авиалинии" ва "Ямал" набояд бештар аз 500 долларро ташкил диҳад.
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Чиптаи 500 – доллара! Ваъдаи се ширкати русӣ барои арзон кардани нархи чиптаи самти Русия
Ҳамин тавр, агентӣ дар муроҷиатномаи навбатиаш гуфтааст, ки "акнун хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, аз ин ширкатҳои номбурда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд".
"Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ зикр намуданд, ки минбаъд нархи чиптаи ҳавопаймоиро ба самтҳои гуногуни Федератсияи Русия на беш аз 500 доллари ИМА ба фурӯш мебароранд", - таъкид мекунад манбаъ.
Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, аз ин ширкатҳои номбурда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд.
Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз ҷониби нуқтаҳои фуруши чипта, аз арзиши муқарраргардидаи болозикр, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 236-53-34 муроҷиат намоянд.
Инчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймоӣ ҳатман расиди он (чек) талаб карда шавад ва дар сурати пешниҳод накардани расид чипта харидорӣ накунанд.
Лентаи хабарҳо
0