Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тасдиқ ё рад ? Созмони ҷаҳонии беҳдошт ваксини "Спутник V"- ро меомӯзад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкШприцы на фоне логотипа "Спутник V"
Шприцы на фоне логотипа Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Феълан намояндагони созмони мазкур дар Русия қарор доранд ва пас аз анҷоми омӯзиши пурраи ин ваксин тадиқ ё рад кардани он маълум мешавад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Гурӯҳи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳоло дар Русия барои омӯхтани ваксинаи русии "Спутник V" қарор дорад ва пас аз анҷоми омӯзиши пурра гузориши ниҳоӣ омода мешавад, менависад ТАСС бо истинод ба мудири Дафтари минтақавии СҶБ дар Аврупо Ҳанс Клуге.
"Ман аз оғози кор бо мақомоти Русия дар тамос будам, зеро дар назди мо вазифаи тасдиқ кардани ваксина местад. Ҳоло мутахассисони мо дар Федератсияи Русия ҳастанд, миссияи онҳо дар ин ҷо то 4 июн анҷом хоҳад ёфт ва ҳисоботи ниҳоӣ омода мешавад", - афзудааст ӯ.
Клюге мегӯяд, аллакай мавриди омӯзиш қарор гирифтани ваксин худ фоли нек аст. Ӯ ба кори Ҳукумати Русия бобати таъмин намудани аҳолӣ бо ваксин алайҳи коронаиврус баҳои баланд дод.
Зимнан, ин намояндаи СҶБ мегӯяд, барои ба даст овардани масунияти оммавӣ дар Русия бояд 70 дарсади аҳолӣ эмгузаронӣ шаванд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Амният, муҳоҷират, ваксина ва кумаки низомӣ: натоиҷи сафари Лавров ба Душанбе
Ҳанӯз 4 март Агентии доруҳои Аврупо аз оғози тартиби ташхиси пайдарпайи "Спутник V" хабар дод. Дар ҳоли ҳозир, сабти номи доруи Русия ба анҷом нарасидааст.
Бояд гуфт, ки ин ваксини сохти русӣ аллакай дар 60 кишвари дунё сабти ном гардидааст. Зиёда аз 30 кишвар аллакай эмгузаронии оммавиро бо ин дору оғоз кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0