Аз фарҳангу маориф то тандурустию сайёҳат: мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо мири Кобул

© Мэрия города ДушанбеРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Раисони шаҳрҳои Душанбе ва Кобул равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси пойтахт бо мири шаҳри Кобул, Муҳаммад Довуд Султонзуй баргузор гардид.
Султонзай ҳанӯз 5 июн вориди Душанбе шуда буд.
Бар хабари котиботи раиси шаҳри Душанбе, нахуст Рустами Эмомалӣ ҳамтои афғони худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Зимнан, ҷонибҳо ба саҳми раисони ҳар ду ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ таъкид намуда, аз ҳамкориҳои зич ва гуногунҷанба ёдовар шуданд.
Рустами Эмомалӣ ва Муҳаммад Довуд аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Муҳаммад Довуд Султонзуй, шаҳрдори Кобул - пойтахти Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2021
Ҳамтои кобулии Рустами Эмомалӣ ва сафари чоррӯзаи ӯ ба Тоҷикистон
Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ зоҳир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Довуд Султонзуӣ, як аз чеҳраҳои маъруфи Афғонистони имрӯз буда, аз тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти феълӣ аст ва дар ду интихоботи ахири президентии он кишвар аз ӯ ҳимоят кардааст.
Ӯ дар гузашта намояндаи парлумон, муҷрии барномаи вижае дар ТВ “Тулуъ” ва мушовири президент Ашраф Ғанӣ буд. 1 апрели соли 2020 ӯ бо фармони Ашраф Ғанӣ шаҳрдори Кобул таъин шудааст.
Дар таърихи Афғонистон як кори дигари ӯ зикр мешавад, ки моҳи октябри 1986 вақте халабони ширкати ҳавопаймоии “Ориёно афғон ҳавоӣ” буд, як тайёраи ҷангии МИГ 21-ро аз майдон ҳавоии Багром рабуда, ба Покистон интиқол дода буд.
Лентаи хабарҳо
0