https://sputnik.tj/20210605/hamtoi-kobulii-rustami-emomali-va-safari-chorruzai-u-ba-tojikiston-1039989058.html
Ҳамтои кобулии Рустами Эмомалӣ ва сафари чоррӯзаи ӯ ба Тоҷикистон
Ҳамтои кобулии Рустами Эмомалӣ ва сафари чоррӯзаи ӯ ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Довуд Султонзуй, шаҳрдори Кобул - пойтахти Афғонистон, вориди шаҳри Душанбе шудааст. Сафари ӯ чор рӯз давом мекунад
2021-06-05T09:41+0500
2021-06-05T09:41+0500
2021-06-05T09:41+0500
душанбе
кобул
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/05/1039989031_0:0:2044:1151_1920x0_80_0_0_eed20bc18f2e99aa043da9dc7c7b6f12.jpg
ДУШАНБЕ, 05 июн – Sputnik. Маркази матбуоти сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муҳаммад Довуд Султонзуй бо ҳайате аз маъмурони шаҳрдории Кобул ва шӯрои намояндагони Афғонистон ба Душанбе омадааст. “Ин ҳайат рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон истироҳат аст, бо гулкориву сохтмонҳои пойтахти Тоҷикистону ва дигар диданиҳову ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор ошно мешавад. Барномаи кории ҳайат аз рӯзи душанбе шуруъ мешавад. Қарор аст, оқои Султонзуй бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ мулоқот кунад ва санадҳое ҳам барои ҳамкориҳои пойтахтҳои ду кишвари ҳамсоя имзо хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ. Муҳаммад Довуд Султонзуӣ, як аз чеҳраҳои маъруфи Афғонистони имрӯз буда, аз тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти феълӣ аст ва дар ду интихоботи ахири президентии он кишвар аз ӯ ҳимоят кардааст. Ӯ дар гузашта намояндаи парлумон, муҷрии барномаи вижае дар ТВ “Тулуъ” ва мушовири президент Ашраф Ғанӣ буд. 1 апрели соли 2020 ӯ бо фармони Ашраф Ғанӣ шаҳрдори Кобул таъин шудааст. Дар таърихи Афғонистон як кори дигари ӯ зикр мешавад, ки моҳи октябри 1986 вақте халабони ширкати ҳавопаймоии “Ориёно афғон ҳавоӣ” буд, як тайёраи ҷангии МИГ 21-ро аз майдон ҳавоии Багром рабуда, ба Покистон интиқол дода буд.
https://sputnik.tj/20210604/sitorai-afghon-attashei-afghoniston-tojikiston-1039987716.html
душанбе
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/05/1039989031_17:0:2044:1520_1920x0_80_0_0_f481a44ad9d93019c142701e887efa7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрдори кобул муҳаммад довуд султонзуй душанбе рустами эмомалӣ тоҷикистон
шаҳрдори кобул муҳаммад довуд султонзуй душанбе рустами эмомалӣ тоҷикистон
Ҳамтои кобулии Рустами Эмомалӣ ва сафари чоррӯзаи ӯ ба Тоҷикистон
Муҳаммад Довуд Султонзуй, шаҳрдори Кобул - пойтахти Афғонистон, вориди шаҳри Душанбе шудааст. Сафари ӯ чор рӯз давом мекунад
ДУШАНБЕ, 05 июн – Sputnik. Маркази матбуоти сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муҳаммад Довуд Султонзуй бо ҳайате аз маъмурони шаҳрдории Кобул ва шӯрои намояндагони Афғонистон ба Душанбе омадааст.
“Ин ҳайат рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон истироҳат аст, бо гулкориву сохтмонҳои пойтахти Тоҷикистону ва дигар диданиҳову ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор ошно мешавад. Барномаи кории ҳайат аз рӯзи душанбе шуруъ мешавад. Қарор аст, оқои Султонзуй бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ мулоқот кунад ва санадҳое ҳам барои ҳамкориҳои пойтахтҳои ду кишвари ҳамсоя имзо хоҳад шуд”, - гуфт манбаъ.
Муҳаммад Довуд Султонзуӣ, як аз чеҳраҳои маъруфи Афғонистони имрӯз буда, аз тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти феълӣ аст ва дар ду интихоботи ахири президентии он кишвар аз ӯ ҳимоят кардааст.
Ӯ дар гузашта намояндаи парлумон, муҷрии барномаи вижае дар ТВ “Тулуъ” ва мушовири президент Ашраф Ғанӣ буд. 1 апрели соли 2020 ӯ бо фармони Ашраф Ғанӣ шаҳрдори Кобул таъин шудааст.
Дар таърихи Афғонистон як кори дигари ӯ зикр мешавад, ки моҳи октябри 1986 вақте халабони ширкати ҳавопаймоии “Ориёно афғон ҳавоӣ” буд, як тайёраи ҷангии МИГ 21-ро аз майдон ҳавоии Багром рабуда, ба Покистон интиқол дода буд.