Кӯмаки низомии Қазокистон барои чист? – шарҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Вергун / Гузариш ба медиабонкПулеметная лента с патронами
Пулеметная лента с патронами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Обуна шудан
Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи кӯмаки низомии Қазоқистон ба ин кишварро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 07 июн – Sputnik. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорат, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кӯмаки Қазоқистон дар дойираи ҳамкориҳои низомии ду кишвар сурат мегирад.
“Созишнома дар бораи кӯмаки низомӣ воқеан имзо шуда, аммо то ба ҳол дар амал татбиқ нашудааст ва мо ин кӯмакро ба даст наовардаем. Ин кӯмак ба хотири пурзӯр кардани марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Афғонистон аст”, - гуфт Фаридун Маҳмадалиев.
Қаблан вазорати дифоъи Қазоқистон пешнависи қонуни ироаи кумакҳои фанниву низомии билоиваз ба Тоҷикистонро барои баррасии умумӣ дар сомонае ба номи “Ҳуҷҷатҳо бози меъёрии ҳуқуқӣ” то 17 июн мунташир кард.
Бино ба он, Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи кӯмаки билоивази фанниву низомӣ 17 апрели соли 2021 аз сӯи сарвазирони ду кишвар Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин ба имзо расидааст.
Ин кӯмаки якдафъина ва билоивази таҷҳизоти низомӣ буда, Қазоқистон қасд дорад 3 миллиону 240 дона патрони тирдори навъи ПС – и 5.45-милиметра, 20 ҳазору 76 адад патрони 23-милиметртра ва 10 ҳазор адад акси хумпора (миномёт)-и 82-милиметраро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Аз тиҷорату логистика то мушкили рақами яки минтақа: натоиҷи мулоқоти Раҳмону Тоқаев
Бино ба матни ин созишнома, Қазоқистон таҷҳизоти низомиро аз истгоҳи “Отар”-и вилояти Ҷамбул ба истгоҳи "Роҳатӣ" –и шаҳри Душанбе аз тариқи роҳ оҳан таҳвил медиҳад, ҷое, ки намояндагони таъйиншудаи мақомоти масъули ҷонибҳо онҳоро таслим ва қабул мекунанд.
"Муҳимоти мунтақилаванда истифода намешавад ва ба миқдори зиёд захира мешавад, бинобарин, будҷае барои таҷдиди он зарур нест. Ин тарҳ ба ҳазинаҳои молии изофӣ аз будҷаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ ниёз надорад", - омадааст дар шарҳе, ки мақомоти Қазоқистон далели интиқол таҷҳизотро овардаанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо харҷу санадсозиҳои гумрукиро дар қаламрави кишварҳои худ ба зимма доранд ва Тоҷикистон наметавонад ин мулкияти низомиро ба тарафи сеюм диҳад ё ҳаққи истифодаи онро ба ҷониби сеюм вогузор кунад.
Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон аз 16 декабри соли 1992 ба ин сӯ амал мекунад.
Ахмадзода встретился с главой казахской компании Национальная торгово-распределительная сеть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Ҳавасмандии Қазоқистон барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон моҳи феврали соли равон аз вогузор намудани 7 номгӯи муҳимоти ҷангӣ, аз қабили 6 миллиону 480 дона патрони тирдори навъи ПС – и 5.45-милиметра, 1 ҳазор снаряди реактивии 122 – милиметра, 1 ҳазор адад патрони ҳушдори нури зарди 16-милиметра, 4 адад пости раҳгирии шунидории “Восток-СП”, 6 дастгоҳи дарёфти радиои навъи “Галактика” ва 1 комутатори мавҷгири “Калина 12х80” – ро дар ихтиёри Қирғизистон хабар дода буд.
Маълум нест, ки ин созишнома амалӣ шудааст, ё хайр. Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон 8 апрели соли 1997 баста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0