https://sputnik.tj/20210601/havasmandi-qazoqiston-intiqoli-molu-mahsulot-tojikiston-1039883436.html
Ҳавасмандии Қазоқистон барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон
Ҳавасмандии Қазоқистон барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ширкати қазоқистонии “НТРС” таъкид доштааст, ки талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қазоқистон зиёд аст ва ба ҳамин хотир, кишвараш барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон ҳавасманд аст
2021-06-01T13:50+0500
2021-06-01T13:50+0500
2021-06-01T13:56+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қазоқистон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
ширкат
равобит
ҳамкорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039883388_0:102:1280:822_1920x0_80_0_0_276ff53cb516453e24ffbbd0bab4f6c4.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят бо Александр Ким, муовини роҳбари ширкати қазоқистонии “НТРС” (Национальная торгово-распределительная сеть) - "Шабакаи миллии тиҷорӣ", сурат гирифт.Зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштааст, ки робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.Дар ҳамин ҳол, Александр Ким қайд кард, ки талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қазоқистон зиёд мебошад. Гуфта шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ҳамчунин таҳкими равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобили судмандро баррасӣ қарданд.Ёдрас мешавем, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии стратегӣ ва иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар савдои хориҷии Тоҷикистон баъд аз Русия мақоми дуюмро касб менамояд. Соли гузашта табодули мол байни ду кишвар беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева ва хушкмева содирот шудааст. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани растанӣ ворид мегардад.
https://sputnik.tj/20210520/toqaev-rahmon-qazoqiston-davat-1039577698.html
қазоқистон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/01/1039883388_127:0:1264:853_1920x0_80_0_0_a60c3937409e218c5b57a7fe509d0ffb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, ҳавасмандӣ, харидорӣ, молу маҳсулот
тоҷикистон, қазоқистон, ҳавасмандӣ, харидорӣ, молу маҳсулот
Ҳавасмандии Қазоқистон барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон
13:50 01.06.2021 (Навсозишуда: 13:56 01.06.2021) Роҳбари ширкати қазоқистонии “НТРС” дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд таъкид доштааст, ки талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қазоқистон зиёд аст ва ба ҳамин хотир, кишвараш барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон ҳавасманд аст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят бо Александр Ким, муовини роҳбари ширкати қазоқистонии “НТРС” (Национальная торгово-распределительная сеть) - "Шабакаи миллии тиҷорӣ", сурат гирифт.
Зимни мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода таъкид доштааст, ки робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст.
"Дар вилояти Суғд барои таҳкими робитаҳо захираву имкониятҳо фаровон буда, Қазоқистон метавонад маъдану консентрат, сабзавоту мева ва хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистонро ба таври васеъ харидорӣ намояд”, - таъкид доштааст Аҳмадзода.
Дар ҳамин ҳол, Александр Ким қайд кард, ки талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Қазоқистон зиёд мебошад.
“Ширкати мо барои харидорӣ ва интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон ҳавасманд аст”, - таъкид дошт оқои Ким .
Гуфта шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ҳамчунин таҳкими равобити дуҷониба ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобили судмандро баррасӣ қарданд.
Ёдрас мешавем, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии стратегӣ ва иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, дар савдои хориҷии Тоҷикистон баъд аз Русия мақоми дуюмро касб менамояд.
Соли гузашта табодули мол байни ду кишвар беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева ва хушкмева содирот шудааст. Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ, металлҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани растанӣ ворид мегардад.