https://sputnik.tj/20210607/avboshi-navras-dushanbe-kord-1040067562.html
Авбошии чор навраси 17 - сола дар Душанбе: якеро корд заданд
Авбошии чор навраси 17 - сола дар Душанбе: якеро корд заданд
Sputnik Тоҷикистон
Ноболиғон дар кӯчаи Авестои шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳамдигар ҷанҷол намуда якдигарро латукӯб намудванд.
2021-06-07T20:35+0500
2021-06-07T20:35+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
вкд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_2e1a3fc717cbcdf576b3a213c462a624.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз як ҷинояти авбошӣ хабар медиҳад, ки чор навраси 17 - сола онро содир намудаанд.Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 4 июн, тахминан соати 10:30 дақиқа рух дод. Ноболиғон дар кӯчаи Авестои шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳамдигар ҷанҷол намуда якдигарро латукӯб намуданд.Манбаъ меафзояд, яке аз наврасон бо истифода аз корд ба пойи чапи ҳамсоли худ зарба расондааст, ки дар натиҷа охирон бистарии беморхона гардид.ВКД Тоҷиикстон ҳамчунин аз як ҷинояти дигари авбошӣ хабар дод, ки субҳи барвақти рӯзи 4 июн сурат гирифтааст.Ин навбат, дар маҳаллаи Гипрозем, назди мағозаи "Сабрина" як марди 31 ва ҷавони 20 - сола, сокини 28 - солаи ноҳияи Рӯдакиро нахуст таҳқиру ҳақорат ва сипас шадидан кӯфтанд.Зимнан, бо истифода аз кор, 5 маротиба ба пойи ҷабрдида зарба расонданд.ВКД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210514/bozdosht-javon-qatl-mashuqa-1039441864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/04/1026170436_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6f0c83b784255b0fdf00969080a2c6b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, авбошӣ, наврасон
душанбе, авбошӣ, наврасон
Авбошии чор навраси 17 - сола дар Душанбе: якеро корд заданд
20:35 07.06.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Наврасон аз ҳиссиёти авбошӣ ба ҳамдигар дарафтода, шадидан якдигарро кӯфтанд. Ҳатто яке аз ноболиғон аз захми корд бистарии беморхона шуд
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз як ҷинояти авбошӣ хабар медиҳад, ки чор навраси 17 - сола онро содир намудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 4 июн, тахминан соати 10:30 дақиқа рух дод.
Ноболиғон дар кӯчаи Авестои шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ байни ҳамдигар ҷанҷол намуда якдигарро латукӯб намуданд.
Манбаъ меафзояд, яке аз наврасон бо истифода аз корд ба пойи чапи ҳамсоли худ зарба расондааст, ки дар натиҷа охирон бистарии беморхона гардид.
ВКД Тоҷиикстон ҳамчунин аз як ҷинояти дигари авбошӣ хабар дод, ки субҳи барвақти рӯзи 4 июн сурат гирифтааст.
Ин навбат, дар маҳаллаи Гипрозем, назди мағозаи "Сабрина" як марди 31 ва ҷавони 20 - сола, сокини 28 - солаи ноҳияи Рӯдакиро нахуст таҳқиру ҳақорат ва сипас шадидан кӯфтанд.
Зимнан, бо истифода аз кор, 5 маротиба ба пойи ҷабрдида зарба расонданд.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.