Се корд ба шикаму пушташ задааст: боздошти ҷавон барои қатли маъшуқаи 19-сола

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗадержанный преступник, архивное фото
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикисон аз боздошти як ҷавон хабар медиҳад, ки дар куштори маъшуқаш муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷавон дар куштори маъшуқааш бо се зарби корд муттаҳам мешавад.
“Номбурда, рӯзи 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 16:20-дақиқа, маъшуқааш, ҷавонзани 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкурро ба заминҳои ҷамоати деҳоти Зарбдори ҳамин шаҳр бурда, бо корд 3 маротиба ба қисмати шикам ва пушти ӯ задааст”,- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД ҷузъиёти ин ҳодисаро шарҳ надодааст. Феълан нисбати қазияи мазкур тафтишот идома дорад.
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Тафсилоти куштори ҷавони 23 - сола аз дасти бародари худ дар Рӯдакӣ: 10 корд зад - навор
Ёдовар мешавем, қаблан ин ниҳод аз боздошти як чавонзани 27 сола дар ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дода буд, ки дар қатли ошиқи 22 - сола даст доштааст.
Вазорати умури дохила дар шарҳи ин қазия он замон гуфта буд, ки духтар ҳомиладор шуда, дар пайи баҳси таваллуд ё исқоти ҳамли кӯдаки дар батнбуда, маъшуқашро куштаст.
Лентаи хабарҳо
0