https://sputnik.tj/20210606/qarori-hukumat-qimatii-barh-mahsuloti-zararovar-imzo-1040003944.html
Қарори Ҳукумат барои қиматии бархе аз маҳсулоти зараровар: Раҳмон имзо кард
Қарори Ҳукумат барои қиматии бархе аз маҳсулоти зараровар: Раҳмон имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустӣ ин молҳоро зараровар мехонанд, аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам талабот ба онҳо зиёд аст.
2021-06-06T13:36+0500
2021-06-06T13:36+0500
2021-06-06T13:44+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
қочоқи сигарет
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039088648_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_903563a0a7f512c28f839896c6c3db9d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумат таҳти рақами 199 барои зиёд кардани андозбандии маҳсулоти тамоку ва маводи ивазкунандаи онро имзо кардааст. Аз ҷумла бар асоси қарори ҷадид, андози аксизии як ҳазор дона сигар аз 8,5 евро ба 17 евро ва як ҳазор дона сигарет аз 9,8 евро ба 19 евро баланд бардошта шуд. Андози аксизии молҳои саноатии ивазкунандаи тамоку аз 35 фоиз то ба 70 дарсад зиёд гардид. Дар қарори имзокардаи раисиҷумҳур, таъкид шудааст, ки ин санад як моҳ баъди нашри расмияш мавриди амал қарор дода шавад. Худи қарор таҳти рақами 199 рӯзи 27 майи соли равон имзо гардидааст. Раиси Ҳукумат Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки аз қабули қарори мазкур котиботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро огоҳ созад. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон бори охир қарори боло бурдани андози аксизии маҳсулоти тамоку ва спиртиро моҳи июни соли 2018 қабул карда буд. Он замон андози аксизии 1000 дона сигар аз 0,8 евро ба 8,5 евро ва андози аксизии 1000 дона сигарет аз 1 евро то ба 9,8 евро зиёд шуда буд.
https://sputnik.tj/20210526/boj-andoz-qarori-hukumat-arzoni-suzishvori-1039769572.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039088648_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fc19d07f371b76c8eaa2bd4c965d3508.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
андоз, нарх, маҳсулот, боло
андоз, нарх, маҳсулот, боло
Қарори Ҳукумат барои қиматии бархе аз маҳсулоти зараровар: Раҳмон имзо кард
13:36 06.06.2021 (Навсозишуда: 13:44 06.06.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қарори Ҳукумат барои зиёд кардани андозбандии бархе аз маҳсулотро имзо кардааст. Андозбандии ин молҳо, ки мақомоти тандурустӣ онҳоро зараровар мехонанд, тайи се соли охир дар кишвар то 19 баробар зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, қарори Ҳукумат таҳти рақами 199 барои зиёд кардани андозбандии маҳсулоти тамоку ва маводи ивазкунандаи онро имзо кардааст.
Аз ҷумла бар асоси қарори ҷадид, андози аксизии як ҳазор дона сигар аз 8,5 евро ба 17 евро ва як ҳазор дона сигарет аз 9,8 евро ба 19 евро баланд бардошта шуд.
Андози аксизии молҳои саноатии ивазкунандаи тамоку аз 35 фоиз то ба 70 дарсад зиёд гардид.
Дар қарори имзокардаи раисиҷумҳур, таъкид шудааст, ки ин санад як моҳ баъди нашри расмияш мавриди амал қарор дода шавад. Худи қарор таҳти рақами 199 рӯзи 27 майи соли равон имзо гардидааст.
Раиси Ҳукумат Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки аз қабули қарори мазкур котиботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро огоҳ созад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон бори охир қарори боло бурдани андози аксизии маҳсулоти тамоку ва спиртиро моҳи июни соли 2018 қабул карда буд. Он замон андози аксизии 1000 дона сигар аз 0,8 евро ба 8,5 евро ва андози аксизии 1000 дона сигарет аз 1 евро то ба 9,8 евро зиёд шуда буд.