https://sputnik.tj/20210606/azmi-toshkand-dushanbe-milliard-dollar-dodugirifti-mol-1040007740.html
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 миллиард доллар расондани додугирифти мол
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 миллиард доллар расондани додугирифти мол
Sputnik Тоҷикистон
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2021-06-06T17:30+0500
2021-06-06T17:30+0500
2021-06-10T13:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ӯзбекистон
мулоқот
вазорат
савдо
созиш
сафари раисҷумҳури ӯзбекистон шавкат мирзиёев ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/06/1040007417_0:177:1800:1190_1920x0_80_0_0_541bbfbcaf0be3567d58586f37376337.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини сарвазириӮзбекистон, Сардор Умурзоқов ба афзоиши додугирифту рушди тавлидот таъкид шуд. Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо азмашонро барои то ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани гардиши савдои дуҷониба баён доштаанд. Инчунин барои зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, омадааст дар иттилоия. Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 миллион доллари ИМА баробар гардид.Вазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон инчунин масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Мирзиёев Шавкат Миромоновичро ба Душанбе баррасӣ карданд.Завқӣ Завқизода қайд кард, ки аз ҷониби раисиҷумҳур,Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии ҳаматарафа ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои имзо ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст.Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳафтаи оянда рӯзҳои 10 – 11 июн дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210606/mirziyoev-rozigii-rahmon-omadurafti-beqaydi-tojikon-uzbekho-1040005521.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/06/1040007417_166:0:1766:1200_1920x0_80_0_0_20d9c987fe2b5b40d447e58c73654fc2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, густариш, ҳамкорӣ, савдо, иқтисод
мулоқот, густариш, ҳамкорӣ, савдо, иқтисод
Азми Тошканду Душанбе барои то 1 миллиард доллар расондани додугирифти мол
17:30 06.06.2021 (Навсозишуда: 13:36 10.06.2021) Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини сарвазириӮзбекистон, Сардор Умурзоқов ба афзоиши додугирифту рушди тавлидот таъкид шуд.
Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо азмашонро барои то ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани гардиши савдои дуҷониба баён доштаанд.
Инчунин барои зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, омадааст дар иттилоия.
Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Вазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон инчунин масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Мирзиёев Шавкат Миромоновичро ба Душанбе баррасӣ карданд.
Завқӣ Завқизода қайд кард, ки аз ҷониби раисиҷумҳур,Эмомалӣ Раҳмон барои омодагии ҳаматарафа ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои имзо ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дода шудааст.
Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳафтаи оянда рӯзҳои 10 – 11 июн дар назар аст.