https://sputnik.tj/20210606/arobakashii-parvina-shukrulloeva-video-1040004356.html
"Аробакашӣ" - и Шукруллоева: ӯ куталро падёмча гуфту хурҷинро бори аввал шунид - видео
"Аробакашӣ" - и Шукруллоева: ӯ куталро падёмча гуфту хурҷинро бори аввал шунид - видео
Sputnik Тоҷикистон
Як рӯзи сарояндаи шоситаи Тоҷикистон Парвина Шукруллоева дар деҳа чӣ гуна гузашт?
2021-06-06T14:12+0500
2021-06-06T14:12+0500
2021-06-06T20:26+0500
фарҳанг
овозхон
забони тоҷикӣ
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103040/00/1030400042_0:13:1000:576_1920x0_80_0_0_d479d8a67ad96230eabde9a6d023e8fb.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Овозхони машҳур, сарояндаи шоистаи Тоҷикистон, ки солҳои охир тарки саҳна кардааст, Парвина Шукруллоева дар барномаи "Бонуи пурҳунар" дар бораи зиндагии шахсияш гуфт ва як рӯзашро дар деҳот гузаронид.Парвина Шукруллоева дар танӯр нон пухт, ароба кашид, алаф дараваид, таппак кард ва шир ҷӯшид.Парвина Шукруллоева дар бораи зиндагии шахсияш суҳбат карда гуфт, соҳиби ду фарзанд - Табриз ва Амили ҳаст, вале шавҳар надорад.Дар барнома, ки як шарташ суҳбат кардан ба забони тоҷикӣ буд, Парвина зимни ба хурҷини хар бор кардани алаф калимаи хурҷинро надонист ва баъди фаҳмидан гуфт, ин вожаро нав шунид.Ҳамчунин Парвина калимаи куталро бори аввал шунида маънояшро подёмча гуфт.Парвина Шукруллоева дар ин барнома ба хубӣ аз уҳдаи ҳамаи корҳои деҳот аз қабили говҷӯшӣ, алафдаравӣ, таппаккунӣ ва аробакашӣ баромад. Ӯ гуфт, барояш чунин корҳоро анҷом додан, ҷолиб аст.Аз навор дида мешавад, чӣ гуна Парвина Шукруллоева бо ҷиддият ҳар як кори барояш навро анҷом медиҳад ва боиси таҳсини ровии барнома ва ҳатто соҳиби хона мешавад.Парвина Шукруллоева сарояндаи саршиноси тоҷик, ки солҳост аз саҳнаи санъат дур аст, пеш бо сароидани сурудҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ миёни мардуми Тоҷикистон шуҳрат дошт. Яке аз сурудҳои машҳури охиринаш "Кӯлоби ман" буд, ки дар ҳамовозӣ бо ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё иҷро шуда буд.
https://sputnik.tj/20191216/Pas-az-khomushiho-nashr-surud-nav-parvina-Shukrulloeva-1030400079.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103040/00/1030400042_0:0:1000:751_1920x0_80_0_0_50f5148f15041658d1b75744053b27a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвина шукруллоева, сароянда, деҳот, аробакашӣ
парвина шукруллоева, сароянда, деҳот, аробакашӣ
"Аробакашӣ" - и Шукруллоева: ӯ куталро падёмча гуфту хурҷинро бори аввал шунид - видео
14:12 06.06.2021 (Навсозишуда: 20:26 06.06.2021) Парвина Шукруллоева дар танӯр нон пухт, ароба кашид, алаф даравид, таппак кард ва шир ҷӯшид.
ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Овозхони машҳур, сарояндаи шоистаи Тоҷикистон, ки солҳои охир тарки саҳна кардааст, Парвина Шукруллоева дар барномаи
"Бонуи пурҳунар" дар бораи зиндагии шахсияш гуфт ва як рӯзашро дар деҳот гузаронид.
Парвина Шукруллоева дар танӯр нон пухт, ароба кашид, алаф дараваид, таппак кард ва шир ҷӯшид.
Парвина Шукруллоева дар бораи зиндагии шахсияш суҳбат карда гуфт, соҳиби ду фарзанд - Табриз ва Амили ҳаст, вале шавҳар надорад.
"Дили ман озод аст. Ман як зани озоди соҳибихтиёри шарқиям", - гуфт Парвина Шукруллоева.
Дар барнома, ки як шарташ суҳбат кардан ба забони тоҷикӣ буд, Парвина зимни ба хурҷини хар бор кардани алаф калимаи хурҷинро надонист ва баъди фаҳмидан гуфт, ин вожаро нав шунид.
Ҳамчунин Парвина калимаи куталро бори аввал шунида маънояшро подёмча гуфт.
Парвина Шукруллоева дар ин барнома ба хубӣ аз уҳдаи ҳамаи корҳои деҳот аз қабили говҷӯшӣ, алафдаравӣ, таппаккунӣ ва аробакашӣ баромад. Ӯ гуфт, барояш чунин корҳоро анҷом додан, ҷолиб аст.
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна Парвина Шукруллоева бо ҷиддият ҳар як кори барояш навро анҷом медиҳад ва боиси таҳсини ровии барнома ва ҳатто соҳиби хона мешавад.
Парвина Шукруллоева сарояндаи саршиноси тоҷик, ки солҳост аз саҳнаи санъат дур аст, пеш бо сароидани сурудҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ миёни мардуми Тоҷикистон шуҳрат дошт.
Яке аз сурудҳои машҳури охиринаш "
Кӯлоби ман" буд, ки дар ҳамовозӣ бо ситораи санъати тоҷик Шабнами Сурайё иҷро шуда буд.