Пас аз хомӯшиҳо: нашри суруди нави Парвина Шукруллоева

Обуна шудан
Парвина Шукруллоева - овозхони машҳуру "гумгашта" - и саҳнаи тоҷик, пас аз хомӯшиҳо суруди нави худро дар шабакаи Youtube нашр кард

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Парвина Шукруллоева суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Султони дилу ҷонам" сабт ва пешкаши мухлисон кард. 

Ин сурудро Tamoshow дар Instagram ва Youtube нашр кардааст.

Суруди нави Парвина Шукруллоева - "Султони дилу ҷонам", рӯзи 14 декабр нашр шуда, то имрӯз онро беш аз 25 ҳазор кас гӯш карда, 800 корбар писандидаасту садҳо каси дигар зери он шарҳ навиштаанд.

Бештари мухлисон аз бозгашти Парвина, ки солҳост аз чашми мухлисонаш дур аст, изҳори хушнудӣ карда, ҳунари волои ӯро қайд кардаанд.

"Парвинаҷон дер, дер суруд эҷод мекунӣ, вале пурмазмуну оромкунандаи қалбҳо. Аз саҳна дур нарав, зеро саҳна санъаткороне ба мисли шуморо меписандат", - навиштааст корбаре бо номи Мусулманка.

Парвина Шукруллоева сарояндаи саршиноси тоҷик, ки солҳост аз саҳнаи санъат дур аст, пеш бо сароидани сурудҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ миёни мардуми Тоҷикистон шуҳрат дошт.

Рақси Парвина Шукруллоева бо писараш дар тӯй - видео

Пеш аз ин Парвина соли 2017 сурудеро таҳти унвони "Муҳаббат" сабт карда буд, ки аз ҷониби ҳаводорони ҳунараш бисёр хуш пазируфта шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0