Азим Иброҳим: барои татбиқи нақби "Истиқлол" 5,5 миллион доллар масраф хоҳад шуд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр транспорта РТ Азим Иброхим
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Вазири нақлиёт зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки корҳои равшаннамоӣ, таҷдиду навсозӣ ва ҳавотозакунӣ то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли сипаришуда лоиҳаи таҷдиду сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар марҳилаи якум бо дарозии 33,2 километр ва марҳилаи дуюм бо дарозии 39,6 километр  иҷро шудааст.
Подписание соглашения о тоннеле Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2021
Имзои қарордод байни Эрону Тоҷикистон барои такмили нақби “Истиқлол”
Дар доираи иҷрои лоиҳаи мазкур дар марҳилаи сеюм бо дарозии 9,2 километр қитъаи роҳи Қизилқалъа – Бохтар ширкати машваратчӣ интихоб гардида, бинобар сабаби хуруҷи бемории COVID – 19 ва қисман иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби Тоҷикистон баргузории озмуни интихоби паймонкор ба моҳи марти соли ҷорӣ гузошта шуд.
Айни замон корҳои аз нав кашидани хатҳои коммуникатсионӣ, интиқоли барқ, дигар иншооти мавҷудаи масири роҳ ва амсоли инҳо дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд. 
"Бояд гуфт, ки соли гузашта бо кишвари ба мо дӯст Эрон ҷиҳати анҷоми корҳои нотамоми нақби "Истиқлол" ба тавофуқ расидем. Барои татбиқи ин лоиҳа Тоҷикистон 60 миллион сомонӣ (5,5 миллион доллар) ва Эрон низ бо ҳамин миқдор маблағ ҷудо кардаанд", - афзуд Азим Иброҳимов.
Ӯ илова намуд, ки корҳои равшаннамоӣ, таҷдиду навсозӣ ва ҳавотозакунӣ то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мешавад.
Тоҷикистону Эрон барои таъмири нақби “Истиқлол” 11 миллион доллар ҷудо карданд
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 20 январ дар толори меҳмонхонаи "Ҳилтон"- и шаҳри Душанбе қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби "Истиқлол" байни ширкати "Фароб"- и Эрон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Дар маросими ба имзо расондани қарордоди нав, вазири нақлиёти Тоҷикистон, сафири Эрон, раиси ширкати "Фароб" ва дигар меҳмонони эронӣ ва дохилӣ ширкат карданд.
Азим Иброҳимов пас аз имзо кардани қарордод изҳор дошт, ки марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод, аммо бо имзои қарордод корҳои марбут ба он, аз ҷумла, равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратӣ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар дохили нақб муҳиманд, иҷро хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0