https://sputnik.tj/20210604/sitorai-afghon-attashei-afghoniston-tojikiston-1039987716.html
“Ситораи афғон” ва зодаи Эрон: атташеи нави фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон кист?
“Ситораи афғон” ва зодаи Эрон: атташеи нави фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон кист?
Sputnik Тоҷикистон
Ораш Бориз, овозхоне, ки тариқи барномаи маъруфи “Ситораи афғон” шуҳрат пайдо карда буд, атташе ё ройзани фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст
2021-06-04T21:59+0500
2021-06-04T21:59+0500
2021-06-04T23:49+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
афғонистон
намоянда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039987942_0:0:692:389_1920x0_80_0_0_dbf6e16529a908701c2b6dbaba8553cd.jpg
ДУШАНБЕ, 04 июн – Sputnik. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро таъйид карда, гуфт, тақаррури ӯ чанд рӯзи пеш аз сӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар ин вазифа ӯ ба ҷои Мӯҷибуллоҳ Маликзода меояд, ки се соли ахир атташеи фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон буд. Ораш Бориз хонанда, навозанда ва бастакори попи аҳли Афғонистон 18 феврали соли 1987 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муҳоҷират ба дунё омада, даврони кӯдакӣ ва навҷавониашро дар он кишвар сипарӣ кардааст. Ӯ ба Ҳирот, ватани падариаш баргашта, ба риштаи иқтисоди Донишгоҳи ин шаҳр дохил шуд. Дар канори таҳсилоташ дар риштаи иқтисод мусиқиро низ омӯхт ва ҳамроҳи дӯстонаш, назири Умеди Порсо ва Носир Каримӣ як гуруҳи мусиқиеро ба номи “Обӣ” ташкил дод. Гурӯҳи “Обӣ” ба ҷуз мусиқӣ ва консертҳои хиёбонӣ ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ низ машғул буд. Мубориза бо фасод ва ифротгароии мазҳабӣ ва сулҳ аз шиорҳои ин гурӯҳ будааст. Оҳангҳое чун “Мо сулҳ мехоҳем", "Лолаву барг" ва "Башар", мусибату дардҳои мардуми Афғонистонро ба хубӣ ба ривоят кашидааст. Ораш Бориш бо барномаи истеъдодёбии “Ситора афғон” дар телевизиони “Тулуъ” – и Афғонистон шуҳрат пайдо карда, ба мухлисони худ муаррифи шуд ва баъд аз он низ фаъолияти ҳунарии худро идома дод. Ораш Бориз қаблан минҳайси мудири умумии сабти марказии вазорати тиҷорат ва саноеъи Афғонистон ва мушовири иқтисодии волии Ҳирот низ кор кардааст. Баъдтар ӯ раиси “Навак студио”, маъули амалиятии идораи “Борбад” и ТВ “Тулуъ” ва масъули ҳамоҳангии созмони “Гуфтумони миллии ҳунари Афғонистон” буд. Вақтҳои охир барномаи “Ҳунар” – и телевизиони “Тулуъ” – ро гардонандагӣ мекард.
https://sputnik.tj/20210322/Ayyr-Fahim-Tojikiston-mehmon-firor-1033045589.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039987942_0:0:692:519_1920x0_80_0_0_a70d47989dbfcf52ce6bbdc623693068.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ораш бориз эрон атташе афғонистон тоҷикистон
ораш бориз эрон атташе афғонистон тоҷикистон
“Ситораи афғон” ва зодаи Эрон: атташеи нави фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон кист?
21:59 04.06.2021 (Навсозишуда: 23:49 04.06.2021) Ораш Бориз, овозхоне, ки тариқи барномаи маъруфи “Ситораи афғон” шуҳрат пайдо карда буд, атташе ё ройзани фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 04 июн – Sputnik. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ба
Sputnik Тоҷикистон ин хабарро таъйид карда, гуфт, тақаррури ӯ чанд рӯзи пеш аз сӯи вазорати корҳои хориҷии Афғонистон сурат гирифтааст.
“Худи Ораш Бориз ҳоло ба шаҳри Душанбе омада, барои шуруъи кор омодагӣ мегирад. Эҳтимолан рӯзи чоршанбеи ҳафтаи оянда расман муаррифӣ шавад”, - гуфт ин манбаъ.
Дар ин вазифа ӯ ба ҷои Мӯҷибуллоҳ Маликзода меояд, ки се соли ахир атташеи фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон буд. Ораш Бориз хонанда, навозанда ва бастакори попи аҳли Афғонистон 18 феврали соли 1987 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муҳоҷират ба дунё омада, даврони кӯдакӣ ва навҷавониашро дар он кишвар сипарӣ кардааст.
Ӯ ба Ҳирот, ватани падариаш баргашта, ба риштаи иқтисоди Донишгоҳи ин шаҳр дохил шуд. Дар канори таҳсилоташ дар риштаи иқтисод мусиқиро низ омӯхт ва ҳамроҳи дӯстонаш, назири Умеди Порсо ва Носир Каримӣ як гуруҳи мусиқиеро ба номи “Обӣ” ташкил дод.
Гурӯҳи “Обӣ” ба ҷуз мусиқӣ ва консертҳои хиёбонӣ ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ низ машғул буд. Мубориза бо фасод ва ифротгароии мазҳабӣ ва сулҳ аз шиорҳои ин гурӯҳ будааст.
Оҳангҳое чун “Мо сулҳ мехоҳем", "Лолаву барг" ва "Башар", мусибату дардҳои мардуми Афғонистонро ба хубӣ ба ривоят кашидааст.
Ораш Бориш бо барномаи истеъдодёбии “Ситора афғон” дар телевизиони “Тулуъ” – и Афғонистон шуҳрат пайдо карда, ба мухлисони худ муаррифи шуд ва баъд аз он низ фаъолияти ҳунарии худро идома дод.
Ораш Бориз қаблан минҳайси мудири умумии сабти марказии вазорати тиҷорат ва саноеъи Афғонистон ва мушовири иқтисодии волии Ҳирот низ кор кардааст.
Баъдтар ӯ раиси “Навак студио”, маъули амалиятии идораи “Борбад” и ТВ “Тулуъ” ва масъули ҳамоҳангии созмони “Гуфтумони миллии ҳунари Афғонистон” буд. Вақтҳои охир барномаи “Ҳунар” – и телевизиони “Тулуъ” – ро гардонандагӣ мекард.