https://sputnik.tj/20210604/sabab-suqut-charhboli-nizomi-qirghiziston-malum-1039971305.html
Сабаби нишасти фаврии чархболи низомии Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон маълум шуд
Сабаби нишасти фаврии чархболи низомии Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби фуруди изтирории чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон иллати техникӣ буд.
2021-06-04T15:31+0500
2021-06-04T15:31+0500
2021-06-04T16:05+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қирғизистон
осиёи марказӣ
сабаб
суқут
чархбол
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039970776_0:210:3269:2048_1920x0_80_0_0_27bf5881a9d408d3e83b4dcc1c490dcb.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Мақомоти Қирғизистон сабаби фуруди изтирории чархболи низомиро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон эълом карданд.Пештар хабар дода шуд, ки чархболи МИ-8 МТ нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба таври изтирорӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон дар ноҳияи Ноукати вилояти Ош фуруд омад. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳодиса касе кушта нашудааст, аммо чаҳор мусофир ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳавопаймо 15 нафар қарор доштанд.Ин чархбол самти ноҳияи Чон - Алай, маконе, ки ба иддаои ҷониби Қирғизистон низомиёни ҳарбии Тоҷикистон як контейнер насб намудаанд, ҳаракат дошт.Ёдовар мешавем, субҳи 4 июн ҷониби Қирғизистон, Тоҷикистонро ба он муттаҳам кард, ки як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.Аммо дар робита ба ин иддаои Қирғизистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтаст, ки изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.
https://sputnik.tj/20210604/notai-bishkek-dushanbe-qirghiziston-tojikistonro-1039969780.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/04/1039970776_75:0:2806:2048_1920x0_80_0_0_d4340eb1d71a347c4404f9d206fd71e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, чархбол, нишасти изтирорӣ, сабаб
қирғизистон, чархбол, нишасти изтирорӣ, сабаб
Сабаби нишасти фаврии чархболи низомии Қирғизистон дар марзи Тоҷикистон маълум шуд
15:31 04.06.2021 (Навсозишуда: 16:05 04.06.2021) Мақомоти низомии Қирғизистон сабаби нишасти изтирории чархбол дар наздикии марзи Тоҷикистонро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Мақомоти Қирғизистон сабаби фуруди изтирории чархболи низомиро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон эълом карданд.
"Сабаби фуруди изтирории чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон иллати техникӣ буд", - хабар дод РИА Новости бо истинод ба мақомоти қирғиз.
Пештар хабар дода шуд, ки чархболи МИ-8 МТ нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ба таври изтирорӣ дар наздикии марз бо Тоҷикистон дар ноҳияи Ноукати вилояти Ош фуруд омад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳодиса касе кушта нашудааст, аммо чаҳор мусофир ҷароҳат бардоштаанд. Дар маҷмӯъ, дар ҳавопаймо 15 нафар қарор доштанд.
Ин чархбол самти ноҳияи Чон - Алай, маконе, ки ба иддаои ҷониби Қирғизистон низомиёни ҳарбии Тоҷикистон як контейнер насб намудаанд, ҳаракат дошт.
Ёдовар мешавем, субҳи 4 июн ҷониби Қирғизистон, Тоҷикистонро ба он муттаҳам кард, ки як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Аммо дар робита ба ин иддаои Қирғизистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтаст, ки изҳороти дар ВАО нашршудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.