Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Нотаи Бишкек ба Душанбе: Қирғизистон Тоҷикистонро ба вайрон кардани созиш муттаҳам кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон / Султан Досалиевфлаги Таджикистана и Кыргызстана
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Бишкек Душанберо ба иғвоангезӣ муттаҳам кардаву ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон нотаи эътирозӣ додааст
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализода, дар робита ба вазъ дар марз, нотаи эътирозӣ супурдааст.
ВКХ Қирғизистон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи созишномаҳои қаблан ҳосилшударо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии тарафҳо дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, инчунин протоколҳои мулоқоти кориро вайрон мекунад.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз
Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон Тоҷикистонро ба иғво айбдор кардааст, ки боиси шиддат гирифтани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду давлат мегардад.
Ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон талаб кард, ки контейнерҳои наздик овардаашро дар минтақаи Унҷу-Булак гирифта, нерӯҳои ҷалбшудаи хизматчиёни ҳарбӣ ва таҷҳизоти нимҳарбиро барад.
Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Аэропорт в Лахше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Нерӯҳои низомӣ дар марз ҷамъ шудаанд”: дар Лахш чӣ мегузарад?
Дар робита ба ин Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби ҳамсоякишварро рад кард.
Ҳамзамон Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Юртаи қирғизҳо дар шафати деҳаи Қалъача - қаламравӣ баҳсӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Овчиқалъача”: Аскар Акаев чӣ иштибоҳ кард?
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Чоркӯҳ”: Лаклаки Сурх “рӯзи сиёҳ” куҷо рафт?
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 987 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0