Раҳимзода: Тоҷикистон дар талоши густариши ҳарчӣ бештари равобит бо Эрон аст

© Предоставлено Мавзуной АбдуллоевойРамазон Рахимзода, архивное фото
Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Теҳрон бо сафари корӣ қарор дорад, гуфт, ки ҷумҳурӣ дар талоши густариши ҳарчӣ бештари равобит бо кишвари Эрон ҳаст ва ин равобит дар оянда боз ҳам беҳтар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, дар ҷараёни сафар ба Шероз аз маҷмӯъаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед боздид карда, азми Тоҷикистон барои густариши ҳарчӣ бештари равобит бо Эронро таъкид намуд.
Вай гуфт, мардуми ду кишвар ба ҳам наздик ҳастанд ва рафтуомад барқарор аст ва ҳамкориҳое, ки дар сохторҳои гуногуни ҳар ду кишвар эҷод шуда, ин равобитро наздиктару густардатар кардааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Таъмини амният: Рамазон Раҳимзода бо Раҳмонии Фазлӣ чиро баррасӣ кард?
Вазири дохилаи Тоҷикистон бо ишора ба сафари ҳамтоии эронии худ ба Душанбе афзуд, ки дар он сафар тавсеаи муносиботи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Фикр мекунем, ки ҳарчӣ маҳдудиятҳо камтар ва масири иртиботи мардуми ду кишвар ҳамвортар шавад, дар маҷмӯи равобити ду кишвар низ густардатар мешавад”, - афзуд Раҳимзода.
Иноятуллоҳи Раҳимӣ, устондори Форс низ мавзӯи забон, фарҳанг ва тамаддунро аз нуқоти муштараку барҷастаи ду кишвар донист ва гуфт, ки вуҷуди чунин муштаракоте ин имконро фароҳам кардааст, дар заминаи фарҳангиву иқтисодӣ густариши равобитро фароҳам месозад.
Вай афзуд, ки маҷмӯаи кишварҳои форсизабон аз як тамаддуни муштарак бархӯрдор ҳастанд ва эҳсоси ғурбату бегонагӣ бо ҳам надоранд .

“Ин мунҷар мешавад, ки битавонем дар заминаи фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иқтисодие монанди туризм, туризми дармонӣ, кишоварзӣ ва саноати маъданӣ иртиботи хубе дошта бошем”, - илова кард Раҳимӣ.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати расмии Тоҷикистон субҳи 31 май бо роҳбарии вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковник Рамазон Раҳимзода ба Эрон сафар намуд.
Министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон посетил Выставку военной техники Исламской Республики Иран, а также вооружения и тяжелой военной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Раҳимзода бо Эрон боздошти ҷинояткорон тариқи “Интерпол”-ро ба миён гузошт - акс
Дар ин сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони воломақоми Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Раҳимзода бо Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвар (умури дохили) -и Эрон дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи амният, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, имзои суратҷаласаҳои ҳамкорӣ дар хусуси мавзӯоти амниятӣ ва сиёсии кишвар, вориди гуфтугӯ шуд.
Лентаи хабарҳо
0