https://sputnik.tj/20210604/qirghiziston-berun-kardani-sokinon-nazdi-marzi-oghoz-kard-1039986557.html
Қирғизистон сокинонро аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон берун карда истодааст - аксҳо
Қирғизистон сокинонро аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон берун карда истодааст - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Субҳи рӯзи 4-уми июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон вазъ дар марз бо Тоҷикистонро “муташанниҷ” унвон кард
2021-06-04T20:45+0500
2021-06-04T20:45+0500
2021-06-04T21:10+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
сокинон
марз
сокини осоишта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/92/1028479245_0:34:3151:1806_1920x0_80_0_0_332c727fd29f32778b94ba08cb9ebef8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Ҷониби Қирғизистон ба берун кардани сокинони осоишта аз баъзе деҳаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон оғоз кардааст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, берунсозии аҳолии осоишта соати 19:30 аз деҳоти Қара - Миқ, Жекенди, Қара -тейит, Сибе ва Чулук оғоз шудааст. Сокинони наздимарзиро ба ҷои амн бурда, дар макотибу масҷидҳо ҷой додаанд, афзуд Кумита. Қаблан расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард. Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, --гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
https://sputnik.tj/20210604/toshiev-vaz-marz-tojikiston-sharh-1039976590.html
https://sputnik.tj/20210604/toshiev-kdam-tojikiston-yatimov-muloqot-1039972774.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/92/1028479245_420:0:3151:2048_1920x0_80_0_0_1f80e745afd7da6763537a867d7e6fbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, марз, таниш, сокинон, берун кардан,
тоҷикистон, қирғизистон, марз, таниш, сокинон, берун кардан,
Қирғизистон сокинонро аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон берун карда истодааст - аксҳо
20:45 04.06.2021 (Навсозишуда: 21:10 04.06.2021) Мақомоти Қирғизистон, ки рӯзи 4 июн вазъ дар марзро "муташанниҷ" гуфтанд, шоми рӯз ба берун кардани сокинон аз деҳоти наздимарзӣ бо Тоҷикистон оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Ҷониби Қирғизистон ба берун кардани сокинони осоишта аз баъзе деҳаҳои наздимарзӣ бо Тоҷикистон оғоз кардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон, берунсозии аҳолии осоишта соати 19:30 аз деҳоти Қара - Миқ, Жекенди, Қара -тейит, Сибе ва Чулук оғоз шудааст. Сокинони наздимарзиро ба ҷои амн бурда, дар макотибу масҷидҳо ҷой додаанд, афзуд Кумита.
Қаблан расонаҳои Қирғизистон иддао нашр карданд, ки ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Чон Олойи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.
Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаои ҷониби Қирғизистонро рад кард.
Шуҳрат Ризвонов, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш низ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он ҷое, ки контйнерҳо пеш бурда шудаанд, баҳсӣ нест, қаламрави Тоҷикистон аст.
“Ин ҳамон роҳест, ки дар гузашта тариқи он молу амвол аз Чин ба Тоҷикистон интиқол меёфтанд ва минтақае, ки қирғизҳо даъво доранд, ба деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш тааллуқ дорад. Даъвояшон асос надорад”, - гуфт Шуҳрат Ризвонов.
Аммо Камчибек Тошиев, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон контейнер ё вагонҳоро дар минтақаи баҳсӣ гузоштааст.
“Ин минтақаи мушаххасшуда нест. Бар асоси харитаҳои онҳо аз солҳои 1924 ва 1989 ин минтақа ба онҳо тааллуқ дорад. Аммо то имрӯз мо инро эътироф накардаем ва минтақаро мушаххасношуда медонем. Мо дидбонгоҳи худро дар минтақаи аломатгузоришуда дар ҳудуди кишвари худ гузоштаем. Аммо қитъае, ки байни дидбонгоҳи мову онҳост мушаххас нашудааст ва онҳо мехоҳанд, ин ҷоро аз худ кунанд”, --гуфт Тошиев дар як навори видеоӣ, ки онро телевизиони давлатӣ нашр кард.
Тоҷикистон ин ҳарфро қабул надорад ва мегӯяд, ин минтақа хоки Тоҷикистон аст.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.