https://sputnik.tj/20210604/toshiev-vaz-marz-tojikiston-sharh-1039976590.html
"Ин заминҳо аз моянд": Тошиев вазъи марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод
"Ин заминҳо аз моянд": Тошиев вазъи марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Тошиев изҳор доштааст, ки 1100 гектар замини наздисарҳадӣ дар мавзеи Унҷу-Булоки минтақаи Чон-Алой номуайян ҳисобида мешавад.
2021-06-04T17:00+0500
2021-06-04T17:00+0500
2021-06-04T17:17+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039288691_0:0:1345:758_1920x0_80_0_0_39f2a322bd8e4e9687a360fc3e769550.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Қамчибек Тошиев, роҳбари КДАМ Қирғизистон, ки феълан дар ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ош қарор дорад, бо сокинони ин минтақа суҳбат анҷом додааст, менависад Sputnik Қирғизистон.Тошиев изҳор доштааст, ки 1100 гектар замини наздисарҳадӣ дар мавзеи Унжу Булоқи ноҳияи Ҷон Алай номуайян ҳисобида мешавад.Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ош ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.Аммо маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як баёния изҳороти ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфта буд, ки он ба воқеият мувофиқат намекунад, зеро ин қисмати марз аз сӯи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст.Зимнан, Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат дар робита бо рухдоди ахири марзӣ ба ҳамдигар нота супориданд.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039288691_58:0:1253:896_1920x0_80_0_0_4869d84269a4f6e90fa94872a0de62f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тоҷикистон, қамчибек тошиев, марз
қирғизистон, тоҷикистон, қамчибек тошиев, марз
"Ин заминҳо аз моянд": Тошиев вазъи марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод
17:00 04.06.2021 (Навсозишуда: 17:17 04.06.2021) Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба нақзи созишнома муттаҳам мекунад. Аммо Тоҷикистон мегӯяд, ягон қонуншиканӣ сурат нагирифтааст
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Қамчибек Тошиев, роҳбари КДАМ Қирғизистон, ки феълан дар ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ош қарор дорад, бо сокинони ин минтақа суҳбат анҷом додааст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Тошиев изҳор доштааст, ки 1100 гектар замини наздисарҳадӣ дар мавзеи Унжу Булоқи ноҳияи Ҷон Алай номуайян ҳисобида мешавад.
"Ҳудуди 1100 гектар замин номуайян дониста мешавад. Тоҷикон харитаҳои солҳои 1924 ва 1989 - ро асос медонанд. Аммо мо ин заминро аз они худ медонем, бинобар ин он ҳудуди номуайян маҳсуб мешавад. Аз ҷониби мо пост, аз ҷониби онҳо низ ҳаст. Вақтҳои охир онҳо талош доранд, минтақаҳои номуайянро аз худ кунанд. Имрӯз маҳз ҳамин ҳолат рух дод", - шарҳ додааст Тошиев.
Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ош ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Аммо маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як баёния изҳороти ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфта буд, ки он ба воқеият мувофиқат намекунад, зеро ин қисмати марз аз сӯи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст.
Зимнан, Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат дар робита бо рухдоди ахири марзӣ ба ҳамдигар нота супориданд.