“Қаламрави мост”: нота ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита бо рухдоди ахири марзӣ ба сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон нота дод
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ба Жаниш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Душанбе нота супурд.
“Дар ин нота гуфта омадааст, тибқи ҳуҷҷатҳое, ки қаблан ҳарду ҷониб ба имзо расонида буданд, отряди марзбонии мо дар қаламрави тавсифшудаи Тоҷикистон қарор дорад. Он чӣ он ҷониб даъво дорад, бо воқеият созгор нест. Мо ҳифзи марзи худро дар қаламрави худ ба роҳ мондаем. Онҳо зерсохторҳое, ки дар ин қисмати марз доштанд, ҷониби Тоҷикистон надошт. Ҳамчунин зерсохторҳоро мо низ эҷод кардем, аммо дар қаламрави Тоҷикистон”, - хабар доданд аз Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ҷониби Қирғизистон низ имрӯз ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализода нотаи эътирозӣ супорид.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нотаи Бишкек ба Душанбе: Қирғизистон Тоҷикистонро ба вайрон кардани созиш муттаҳам кард
Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унджу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Аммо Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни як баёния изҳороти ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфта буд, ки он ба воқеият мувофиқат намекунад, зеро ин қисмати марз аз сӯи комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст.
Дар пайи ин ҳолат раҳбари КДАМ Қирғизистон ба марз рафтааст ва дар суҳбат ба хабарнигор гуфтааст, ки бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимов суҳбати телефонӣ дошта, интизор меравад, ки суҳбати рӯ ба рӯ низ доир кунанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нотаи Бишкек ба Душанбе: Қирғизистон Тоҷикистонро ба вайрон кардани созиш муттаҳам кард
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
“Як км вориди Қирғизистон шуданд”: шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи иддаои расонаҳои қирғиз
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ шуда, ҷониби Қирғизистон ахиран тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ кардааст.
Шаби 25 май ҳатто ҳавопаймои "Сомон Эр"- ро аз Бишкек бозпас ба Душанбе гардонид ва фурӯши чиптаҳоро ба шаҳрвандони Тоҷикистон пурра манъ кард.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 987 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0