Амрико барои шармсор кардани худ дар Афғонистон, миллиардҳо харҷ кард

CC BY 2.0 / The U.S. Army / Afghanistan securityАфганистан - Армия США
Афганистан - Армия США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Обуна шудан
Афғонистон барои Амрико ба гунаи таҳқири геополитикии гарону дарозмуддат табдил ёфт
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Александр Хроленко. Тӯли ду даҳсолаи охир, Афғонистон ба ҷаҳон чеҳраи ҳақиқӣ ва қобилиятҳои воқеии Амрикоро нишон дод, ки аз худ ҳамчун ҳаками ҷаҳонӣ ва ё пулиси сайёр метарошид.

Масрафоти таҳқиромези Амрико

Ба ҳузури Амрикову мутаҳидони он дар Афғонистон наздики 20 сол пур мешавад. Пентагон ҳисоб кардааст, ки барои ҷанг аз соли 2001 ба ин сӯ 193 миллиард доллар сарф шудааст. Натиҷаи ҳузури Амрико дар ин кишвар созишномаи нангини сулҳ бо толибон ва хуруҷи неруҳои амрикоӣ мебошад. Шумо барои чӣ мубориза мебурдед?  Толибон, ки аз соли 1996 то 2001 дар ин кишвар қудрат доштанд, ҳоло боз сайъ доранд, ки мақоми худро дар Афғонистон мустаҳкам намоянд.
Афганский силовик во время боя с талибами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Гудбай, Талибайден: оё Тоҷикистон ба ҷанги қарибулвуқӯи Толибону Кобул омода аст?
Иёлоти Муттаҳида ва Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия), рӯзи 29 феврали соли гузашта дар Доҳа як созишномаи сулҳро имзо карданд. Дар асоси ин созишнома, Амрико мебояд тамоми неруҳои худро аз хоки Афғонистон берун орад.
Ин қарордод бояд гуфтушуниди байни Афғонистонро оғоз мекард, аммо сулҳ дар ин кишвари ҷангзада ҳамоно ба даст наомад.
Набарди неруҳои ҳукумати бо ҷангиёни толиб ҳатто дар замони пандемияи коронавирус ҳам қатъ нагардиданд. Ҳамзамон Пентагон ҳам дар мавриди пурра берун овардани низомиёни худ тасмими ниҳоиро нагирифтааст.
Амрико аз коҳиши шумори низомиёнаш дар Ироқу Афғонистон эълон кард
Намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод дар аввали моҳи март ба Кобул ва Толибон пешниҳод кард, ки ба ҳукумати гузариш гузаранд, ки он аз 15 нафар, аз ҷумла ҳафт толиб, ҳафт намояндаи ҳукумат ва як нафари бонуфуз миёни ҳар ду ҷониб иборат бошад.

Кобул дар ҳалқаи фронт

Аммо пешниҳоди Залмай куллан ба ҳукумати Афғонистон писанд наомад. Дар робита ба ин, Ашраф Ғнаӣ кишвардори Афғонистон гуфт, афғонҳо сулҳ мехоҳанд, аммо "сулҳро дар қабристон не". Ғанӣ мегӯяд, ин лоиҳа танҳо хаёли хоми Халилзод ҳасту халос.
"Раванди сулҳ" дар Афғонистон пас аз 29 феврали соли 2020 аз 20 соли ҷанги байни Пентагон ва НАТО алайҳи Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) куллан фарқ намекунад.
Зеро дар Кобул ҳамоно таркишҳо рух медиҳанд. Дар аввали моҳи март артиши Афғонистон охирин посгоҳро дар шимоли кишвар аз даст дод.
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2020
Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад
Террористон саъй доранд, ки мошинҳои ҳомили маводи таркандаро дар минтақаҳои аҳолинишин ва ҳамчунин дар роҳҳо маводҳои таркандаи худсохтро ҷой диҳанд. Дар натиҷа, даҳҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандон ҳалок шуданд.
Аксари ҳамлаҳо дар вилоятҳои Кобул, Нангарҳор, Қандаҳор, Урузгон ва Форёб сурат гирифтаанд. Танҳо дар ду ҳафтаи моҳи феврал 168 нафар кушта ва 172 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Пас аз он ки музокироти сулҳ дар Доҳа қатъ шуд, хушунат шадидан афзоиш ёфт.
Толибон постгоҳҳои амниятии ҳукуматро дар вилоятҳои Логар ва Ҳирот забт карданд. Қаблан, тақрибан 200 посгоҳи корпуси 205-уми артиши миллии Афғонистон дар вилояти Қандаҳор дар ихтиёри ҷангиён буданд. Ҷанги шадиди шаҳрвандӣ кишварро пора-пора мекунад. Толибон ба ҳамлаи нави баҳорӣ омодагӣ мебинанд ва аллакай одамони худро ба мансабҳои губернатори 11 вилоят (Хост, Нангарҳор, Пактиё, Пактика, Кобул, Саманган, Кундуз, Тахор, Бамян, Лағмон ва Парвон) таъин карданд. Онҳо инчунин муовинони губернатори се вилоят, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва роҳбарони комиссияҳои ҳарбии 12 вилоятро тасдиқ карданд.

Таъсири Русия 

Ҳанӯз рӯзҳои 6 ва 7 март роҳбари Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва президенти собиқ Ҳомид Карзай бо сафири Русия дар Кобул Дмитрий Жирнов гуфтушунид карданд. 
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ба изҳорот дар бораи Толибон ва ҳукумати муваққатии фиристодаи махсуси Русия дар Афғонистон Замир Кобулов вокуниши манфӣ кард.
Дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон вай гуфт, ки Русия Толибонро "ҳамчун як ҷунбиши миллӣ бо ҳадафҳои сиёсиву идеологии худ" мешуморад ва "мо Толибони имрӯзаро ҳамчун ҳаракати ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи Афғонистон аст", қабул медорем.
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2020
Амрико ба зудӣ нерӯҳояшро аз Ироқ ва Афғонистон ихроҷ мекунад?
Ин дар ҳолест, ки Суди Олии Федератсияи Русия моҳи феврали соли 2003 Толибонро ҳамчун як созмони террористӣ эътироф кард ва ин қарор боқӣ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, Замир Кабулов таъкид кард, ки Федератсияи Русия даъвоҳои Толибонро ба роҳбарияти ягонаи кишвар эътироф намекунад ва афғонҳо бояд созиши сиёсӣ карда, дар бораи сохти ояндаи давлатӣ байни худ мувофиқа кунанд :" мо бо Толибон ҳамчун қувваи воқеии сиёсӣ ҳарбӣ муносибат мекунем, онҳо ҳоло ҳадафҳои худро асосан бо зӯрӣ ба даст меорад, аммо мо ҷонибдори онем, ки ин ҳаракат ба созиши сирф сиёсӣ бирасад".  Вақт нишон хоҳад дод, ки ин равиш то куҷо воқеӣ аст.
Ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон баъд аз тавофуқ бо Амрико афзоиш ёфтааст
Маскав имконият меҷӯяд, ки музокироти байни афғонҳоро тавассути машваратҳо дар доираи "сегонаи васеъ" бо иштироки давлатҳое, ки ба равандҳои Афғонистон таъсири бештар доранд (Русия, ИМА, Чин, Покистон, Эрон) такон диҳад. Маълумоти пешакӣ дар бораи баргузории гуфтушуниди байни афғонҳо дар моҳи март дар ду мавзеъ - дар Туркия (14 март) ва дар Русия (18 март) мавҷуд аст. Аён аст, ки ҷуғрофия нақши муҳим дорад, мавқеи мутавозин ва масъулиятноки Федератсияи Русия на як бору ду бор ба ёфтани роҳҳои оқилонаи ҷонибҳои муноқишаҳои мураккабтарини замони муосир кумак кардааст.
Лентаи хабарҳо
0