Овозаҳо дуруғанд: Академияи илмҳо гуфт, хона — музейи Садриддин Айнӣ тахриб намешавад

© Sputnik / Амир ИсаевЛитературный музей Садриддина Айни, архивное фото
Литературный музей Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Академияи илмҳои Тоҷикистон хабари тахриби хона — музейи Садриддин Айниро бепоя хонду гуфт, баръакс дар ҳудуди ин осорхона барои кормандони илмию таҳқиқотии осорхона бинои нав бунёд намуда, атрофи осорхона ба таври замонавӣ панҷарапӯш хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Котиби матбуотии Академия илмҳои Тоҷикистон   Мухбирҷон Кенҷаев   хабари тахриби хона — музейи Садриддин Айниро беасосу бепоя хонд.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Каримов, директори Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” хабари тахриби осорхонаро рад карда, таъкид доштааст, ки маъмурияти осорхона барои аз байн бардоштани бино ба таври шифоҳӣ ва ё ин ки дар шакли хаттӣ то имрӯз огоҳнома надодааст.

“Ҳоло кормандони осорхона бинобар хуруҷи бемории COVID-2019 қисман то охири моҳ дар таътили муваққатӣ қарор доранд ва бо беҳтар шудани авзо ба кори муътадилу доимии худ шурӯъ хоҳанд кард”, - зикр кардааст Шералӣ Каримов.

Ҳамчунин муовини сармеъмори шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов таъкид доштааст, ки масъалаи тахриби Осорхонаи устод Айнӣ умуман дар нақшаи кулл вуҷуд надорад.

Годовщина со дня рождения Садриддина Айни - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Солрӯзи Садриддин Айнӣ: аз зиндон то сардафтари адабиёт

“Тибқи нақшаи генералӣ, ки  аз ҷониби роҳбарияти шаҳрдорӣ тасдиқ гардидааст, дар мавзеи мазкур ҳоло  корҳои бартарафсозии биноҳои маскунии кӯчаҳои атрофи маҳалла мутобиқи нақшаи тасдиқшуда, ба ғайр аз бинои Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ идома доранд. Осорхонаи мазкур азбаски яке аз ёдгориҳои таърихию адабии сатҳи ҷумҳуриявӣ  маҳсуб меёбад, бинобар ин дар ҷойи худ маҳфуз нигоҳ дошта шуда, зарурати боз ҳам ободу зебо кардани он пеш омадааст”, - афзудааст ӯ.

Дар навбати худ, роҳбари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ   низ  афзудааст, ки ҳамаи овозаҳо дар хусуси аз байн бурдани бинои Осорхонаи устод Айнӣ ягон асоси воқеӣ надоранд ва нодурустанд.

Вай афзуд, осорхона ҳамеша ҳамчун яке аз ёдгориҳои адабию фарҳангӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дошт ва дорад. Баръакс он пайваста ва сол аз сол ободу зебо гардида истодааст.

“Мақомоти шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки барои кормандони илмию таҳқиқотии осорхона бинои нав бунёд намуда, атрофи осорхонаро ба таври замонавӣ панҷарапӯш намуда, ҳамзамон корҳои ободонӣ ва гулзоркуниро дар осорхона ба таври мунтазам ва доимӣ ба роҳ монанд”, - қайд намудааст  Фарҳод Раҳимӣ. 

Лентаи хабарҳо
0