Аз забондонӣ то ном ба ном донистани шаҳрҳои бузург: талаботи нави Русия барои муҳоҷирон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСдача мигрантами экзамена по русскому языку
Сдача мигрантами экзамена по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар масъалаҳои рӯзмарра озод суҳбат кардан тавонанд ва рухдодҳои асосии таърихӣ ва шаҳрҳои бузурги Русияро ном ба ном бидонанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия талаботи нави буду бош барои муҳоҷиронро бо тасдиқ кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар торномаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ҳамин тариқ, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд имтиҳонҳои ягонаи давлатиро бо забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, инчунин таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия супоранд.
Тибқи қарори ҳукумати кишвар, барои гирифтани патент ё иҷозатномаи кор, шаҳрвандони дигар давлатҳо бояд бо забони русӣ ҳам дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва ҳам баъзе мавзӯъҳои махсус муошират карда тавонанд.
Документы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
На ҳама муҳоҷирон то 15 июн имкони қонунӣ кардани ҳузурашон дар Русияро доранд: сабаб
Ҳамин тавр, муҳоҷирон дар бораи шуғлашон дуруст маълумот диҳанд, ба пулис ва беморхона муроҷиат карда тавонанд.
Ғайр аз ин, донистани забони русӣ бояд барои гирифтани ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ кофӣ бошад.
Дар қарори Ҳукумати Федератсияи Россия омадааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадоранд муҳимтарин далелҳо ва рӯйдодҳои таърихии Русияро донанд.
Ҳамзамон, шаҳрвандони хориҷӣ бояд шаҳрҳои калонтарини кишвар ва инчунин ҷашнҳои давлатиро дақиқ номбар кунанд.
Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Як қадам то депорт: чӣ гуна Русия мушкилоти муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳал мекунад
Ҳангоми омодагӣ ба имтиҳон оид ба донистани қонунгузории Федератсияи Русия, бояд диққати асосӣ ба ҳуқуқҳо, озодиҳо ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣдода шавад.
Фармонро аллакай сарвазири кишвар Михаил Мишустин имзо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0