https://sputnik.tj/20210528/muhojir-huzur-qonuni-rusiya-sabab-1039804026.html
На ҳама муҳоҷирон то 15 июн имкони қонунӣ кардани ҳузурашон дар Русияро доранд: сабаб
На ҳама муҳоҷирон то 15 июн имкони қонунӣ кардани ҳузурашон дар Русияро доранд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз 15 июн ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Федератсияи Русия ҷаримаҳо ва депортатсия таҳдид мекунад: Чӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ барои сари вақт додани ҳуҷҷатҳо монеъ мешавад?
2021-05-28T12:14+0500
2021-05-28T12:14+0500
2021-08-10T14:40+0500
муҳлат
патент
дар русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/25/1024682593_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b4d30c19605218d21b1e95a10325abd9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ то 15 июн наметавонанд будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд. Дар ин бора ба РИА Новости раиси Конгресси умумирусиягии ӯзбекҳо, Иброҳим Худойбердиев хабар додааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони хориҷӣ барои истиқомати қонунӣ дар Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳоро фаъолона месупоранду патент мегиранд. Ин тамоюл бозгӯкунандаи суханони ахири муовини вазири корҳои дохилии кишвар Александр Горовой мебошад.Дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ хотиррасон кард, ки пас аз 15 июни соли 2021, муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ карда мешаванд. То ин сана дар кишвар мораторий барои ихроҷ ҷорӣ шудааст, ки бинобар пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст. Тибқи иттилои вазорат, имрӯз дар қаламрави Федератсияи Русия беш аз як миллион нафар шаҳрвандони ИДМ ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. Худойбердиев ташаббуси мақомоти Русияро мусбат арзёбӣ кард. "Ин хеле хуб аст, бояд чунин бошад. Дар ниҳоят, ҳар як давлат ҳақ дорад манфиатҳои худро ҳимоя кунад", - гуфт ӯ. Аммо, ин вазъро дар муддати кӯтоҳ ислоҳ кардан ғайриимкон аст. Ғайр аз он, ӯ гуфт, ки Ӯзбекистон сафарҳо тариқи роҳи оҳанро барои интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватанашон ташкил мекунад.Ёдовар мешавем, ки то 15 июн шаҳрвандони бидуни санади тамдид метавонанд ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ё бидуни эъмоли таҳримот Русияро тарк кунанд.Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост карда буд, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия корҳои таблиғотӣ баранд. Ба гуфтаи ӯ, ин барои пешгирӣ аз ихроҷи онҳо зарур аст.
https://sputnik.tj/20210513/markazi-muhojirat-maskav-jadvali-patentro-taghir-1039428646.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/25/1024682593_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_86d4335659bfddce22f9288c3c1e9949.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, қонунӣ, ҳузур, русияро, имкон, сабаб
муҳоҷирон, қонунӣ, ҳузур, русияро, имкон, сабаб
На ҳама муҳоҷирон то 15 июн имкони қонунӣ кардани ҳузурашон дар Русияро доранд: сабаб
12:14 28.05.2021 (Навсозишуда: 14:40 10.08.2021) Пас аз 15 июн ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Федератсияи Русия ҷаримаҳо ва депортатсия таҳдид мекунад: Чӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ барои сари вақт додани ҳуҷҷатҳо монеъ мешавад?
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ то 15 июн наметавонанд будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд. Дар ин бора ба РИА Новости раиси Конгресси умумирусиягии ӯзбекҳо, Иброҳим Худойбердиев хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони хориҷӣ барои истиқомати қонунӣ дар Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳоро фаъолона месупоранду патент мегиранд. Ин тамоюл бозгӯкунандаи суханони ахири муовини вазири корҳои дохилии кишвар Александр Горовой мебошад.
Дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ хотиррасон кард, ки пас аз 15 июни соли 2021, муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ карда мешаванд. То ин сана дар кишвар мораторий барои ихроҷ ҷорӣ шудааст, ки бинобар пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст.
Тибқи иттилои вазорат, имрӯз дар қаламрави Федератсияи Русия беш аз як миллион нафар шаҳрвандони ИДМ ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.
Худойбердиев ташаббуси мақомоти Русияро мусбат арзёбӣ кард.
"Ин хеле хуб аст, бояд чунин бошад. Дар ниҳоят, ҳар як давлат ҳақ дорад манфиатҳои худро ҳимоя кунад", - гуфт ӯ.
Аммо, ин вазъро дар муддати кӯтоҳ ислоҳ кардан ғайриимкон аст.
"Ин ба хоҳиши бисёриҳо барои қонунигардонӣ таъсир хоҳад расонд. То рӯзи 15-ум, бисёриҳо вақт нахоҳанд дошт ё аз нигоҳи моддӣ наметавонанд Пандемия ба бисёриҳо "кумак" кард. То рӯзи 15-ум ин масъала ҳалли худро нахоҳад ёфт", - гуфт Худойбердиев.
Ғайр аз он, ӯ гуфт, ки Ӯзбекистон сафарҳо тариқи роҳи оҳанро барои интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватанашон ташкил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки то 15 июн шаҳрвандони бидуни санади тамдид метавонанд ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ё бидуни эъмоли таҳримот Русияро тарк кунанд.
Қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост карда буд, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия корҳои таблиғотӣ баранд. Ба гуфтаи ӯ, ин барои пешгирӣ аз ихроҷи онҳо зарур аст.