https://sputnik.tj/20210603/15-iun-muhojiron-rusiya-1039958432.html
Пас аз 15 июн муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст - посухи коршинос: видео
Пас аз 15 июн муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст - посухи коршинос: видео
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти федералии иҷрои ҷазо кӯшиш дорад, норасоии муҳоҷиронро тавассути меҳнати маҳбусон ҷуброн кунад, аммо ин мушкилоти талафоти коргаронро дар ҳолати ба охир расидани "афви муҳоҷират" ҳал намекунад
2021-06-03T20:54+0500
2021-06-03T20:54+0500
2021-06-03T20:54+0500
видео
муҳоҷират
маҳбусон
коршиносон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032768086_0:48:2886:1671_1920x0_80_0_0_fb114dac64495c05b72c6ec4c293f687.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду ҳафтаи охир, ҳодисаи аз ҳама баҳсбарангез дар бозори меҳнат пешниҳоди Хадамоти федералии ҷазо дар бораи иваз кардани коргарони хориҷӣ бо маҳбусон буд. Ҳанӯз мушаххасот маълум нест - на шуғл на соҳаҳои истифодаи меҳнати маҳкумшудагон. Ягона чизе ки ҳаст - изҳороти директори Хадамоти федералии ҷазо Александр Калашников мебошад, ки гуфтааст "ин на гулаг балки шароити комилан нави муносиб хоҳад буд". Аммо, идеяи иваз кардани хориҷиён бо маҳбусон худ қобили амал нест, мегӯяд Вячеслав Поставнин, собиқ муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, мутахассиси сиёсати муҳоҷират. Танҳо аз он сабаб, ки ин ду категорияи коргарон дар соҳаҳои тамоман гуногун кор хоҳанд кард. "Ба назари ман, ин як навъ кӯшиши омехтани ду раванди комилан мухталиф аст. Як чиз истифодаи маҳбусон дар як шаҳраки озод, чизи дигар раванди муҳоҷират. Танҳо маҳбусон каманд ва ба хотири ҷалби онҳо бояд дар марҳилаи аввал кор кунанд, агар шумо дар бораи зарурати иҷтимоӣ кардани маҳбусон сухан ронед - лутфан, ин мавзӯъ имконпазир ва дуруст аст, аммо ин раванди муҳоҷиратро иваз намекунад, бешубҳа хориҷиён кам нахоҳанд буд ", - шарҳ дод Поставнин ба Sputnik Тоҷикистон. Дарвоқеъ, бовар кардан душвор аст, ки маҳбусон ба ҳайси пешхидмат, хаткашон ё коргар дар соҳаи манзилу коммуналӣ - дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон бештар кор мекунанд, озодона фаъолият кунанд. Аз тарафи дигар, соҳаи сохтмонро, ки эҳтимолан кори маҳбусон он ҷо истифода шавад, муҳоҷирон пас аз пандемия худ тарк мекунанд.Фаҳмо аст - масъулият ва сарбории дар сохтмон зиёд аст ва даромади моҳона баробари хаткашон. Шояд бо чунин ташаббус Хадамоти федералии иҷрои ҷазо кӯшиш мекунад, ки ба изҳороти шахсони масъул дар бораи норасоии коргарон ва норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар татбиқи лоиҳаҳои калон посух диҳад. Хуснуллин аз норасоии фоҷиабори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия гуфтБарои ин гуна изҳорот ҳатман заминаҳо мавҷуданд - 15 июн мӯҳлати "афви муҳоҷирон" ба поён мерасад ва пас аз он тартиби соддаи будубоши хориҷиён дар Русия қатъ хоҳад шуд. Бо назардошти навбатҳои азим дар марказҳои муҳоҷират, бархе аз шаҳрвандон воқеан барои саривақт гирифтани ҳуҷҷат вақт нахоҳанд дошт, баъзеҳо депорт хоҳанд шуд. Ва ин норасоии боз ҳам бештари нерӯи кориро дар кишвар ба вуҷуд меорад.
https://sputnik.tj/20210603/alaboti-nav-rusiya-muhojiron-1039945083.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/05/1032768086_142:0:2710:1926_1920x0_80_0_0_147b96b2cafe59c820ac9c0ec27f6273.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, коршинос, 15 июн, авф
русия, муҳоҷират, коршинос, 15 июн, авф
Пас аз 15 июн муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст - посухи коршинос: видео
Хадамоти федералии иҷрои ҷазо кӯшиш дорад, норасоии муҳоҷиронро тавассути меҳнати маҳбусон ҷуброн кунад, аммо ин мушкилоти талафоти коргаронро дар ҳолати ба охир расидани "афви муҳоҷират" ҳал намекунад
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду ҳафтаи охир, ҳодисаи аз ҳама баҳсбарангез дар бозори меҳнат пешниҳоди Хадамоти федералии ҷазо дар бораи иваз кардани коргарони хориҷӣ бо маҳбусон буд.
Ҳанӯз мушаххасот маълум нест - на шуғл на соҳаҳои истифодаи меҳнати маҳкумшудагон.
Ягона чизе ки ҳаст - изҳороти директори Хадамоти федералии ҷазо Александр Калашников мебошад, ки гуфтааст "ин на гулаг балки шароити комилан нави муносиб хоҳад буд".
Аммо, идеяи иваз кардани хориҷиён бо маҳбусон худ қобили амал нест, мегӯяд Вячеслав Поставнин, собиқ муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, мутахассиси сиёсати муҳоҷират. Танҳо аз он сабаб, ки ин ду категорияи коргарон дар соҳаҳои тамоман гуногун кор хоҳанд кард.
"Ба назари ман, ин як навъ кӯшиши омехтани ду раванди комилан мухталиф аст. Як чиз истифодаи маҳбусон дар як шаҳраки озод, чизи дигар раванди муҳоҷират. Танҳо маҳбусон каманд ва ба хотири ҷалби онҳо бояд дар марҳилаи аввал кор кунанд, агар шумо дар бораи зарурати иҷтимоӣ кардани маҳбусон сухан ронед - лутфан, ин мавзӯъ имконпазир ва дуруст аст, аммо ин раванди муҳоҷиратро иваз намекунад, бешубҳа хориҷиён кам нахоҳанд буд ", - шарҳ дод Поставнин ба
Sputnik Тоҷикистон.
Дарвоқеъ, бовар кардан душвор аст, ки маҳбусон ба ҳайси пешхидмат, хаткашон ё коргар дар соҳаи манзилу коммуналӣ - дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон бештар кор мекунанд, озодона фаъолият кунанд.
Аз тарафи дигар, соҳаи сохтмонро, ки эҳтимолан кори маҳбусон он ҷо истифода шавад, муҳоҷирон пас аз пандемия худ тарк мекунанд.Фаҳмо аст - масъулият ва сарбории дар сохтмон зиёд аст ва даромади моҳона баробари хаткашон.
Шояд бо чунин ташаббус Хадамоти федералии иҷрои ҷазо кӯшиш мекунад, ки ба изҳороти шахсони масъул дар бораи норасоии коргарон ва норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар татбиқи лоиҳаҳои калон посух диҳад.
Барои ин гуна изҳорот ҳатман заминаҳо мавҷуданд - 15 июн мӯҳлати "афви муҳоҷирон" ба поён мерасад ва пас аз он тартиби соддаи будубоши хориҷиён дар Русия қатъ хоҳад шуд.
Бо назардошти навбатҳои азим дар марказҳои муҳоҷират, бархе аз шаҳрвандон воқеан барои саривақт гирифтани ҳуҷҷат вақт нахоҳанд дошт, баъзеҳо депорт хоҳанд шуд. Ва ин норасоии боз ҳам бештари нерӯи кориро дар кишвар ба вуҷуд меорад.