Гармӣ то 42 дараҷа ва хунукӣ то -2: пешгӯии ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевОкрестности города Душанбе с высоты
Окрестности города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар вилояти Хатлон ба +42 дараҷа мерасаду дар шарқи ВМКБ то -2 дараҷа сард мешавад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Дамои ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гамр мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал меояд.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0